Arzon march 2024
Таҳсили хонандагон ба 25 май баргардонида шуд
1043

 

Имсол хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва толибилмони синфҳои 2 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз 1 июни соли ҷорӣ ба таътили тобистона мебароянд.

Зиёратшоҳ Назруллозода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022  фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, хабар додааст АМИТ “Ховар”

Мувофиқи банди 1-и ин фармон дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 май ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом мерасад.

Дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, синфҳои 5-8 ва 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 3 то 10 июни соли 2022 гузаронида шавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мавзӯи таҳсили хонандагони синфҳои ибтидоӣ то даҳаи аввали моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоеро ба миён оварда, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ ба масъулин пешниҳод карданд, ки бигзор соли таҳсил мисли солҳои қаблӣ то 25 май баргаронида шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД