Хонандагони синфи якум имсол низ 10 рӯз пеш аз оғози соли таҳсил ба мактаб мераванд ва аз 17-ум то 28-уми август давраи мутобиқшавиро мегузаранд. Дар ин бора фармони вазири маориф ва илми кишвар ба имзо расидаааст.
Тибқи ин фармон, дар машғулиятҳои мутобиқшавӣ кӯдаконро ба реҷаи кори мактаб омода карда, бо онҳо суҳбат мекунанд. Ҳамчунин, ба кӯдакон тариқи бозиҳои гуногун мефаҳмонанд, ки вақташон дар мактаб чӣ гуна мегузарад.
Сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки барои мутобиқшавии кӯдакон дар мактабҳо шароит фароҳам кунанд.
Аз Вазорати маориф ва илм хабар медиҳанд, ки ки дарсҳои мутобиқшавӣ барои синфҳои якум ҳатмӣ буда, ҳам дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ гузаронида мешаванд.
Қабули кӯдакон ба синфи 1-ум дар соли хониши имсола аз 1-уми август оғоз мешавад. Тибқи иттилои пешакӣ, имсол, беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум мераванд.
Вазорати маориф ва илм мегӯяд, қабули кӯдакон ба мактабҳои давлатӣ ройгон мебошад.