Ташрифи беш аз 21 ҳазор сайёҳ ба Истаравшан
94

Давоми як соли охир ба шаҳри бостонии Истаравшан 21844 сайёҳ ташриф овардаанд. Аз ин шумора 2601 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 19 243 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд. Дар ин бора раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ ва таҷдиду навсозӣ ба таври васеъ роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди Қалъаи Муғ айни ҳол 15 дӯкони ҳунармандӣ бо шаклу услуби меъмории қадима сохта шудаанд. Гуфта шуд, ки солҳои наздик дар ҳудуди қалъа зиёда аз 70 дӯкони ҳунармандӣ таъсис дода мешавад, ки ин иқдом ба рушди ҳунармандӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард. Инчунин гирду атрофи Қалъаи Муғ бо дарахтони ҳамешасабз сабзкорӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Истаравшан 153 ёдгории таърихӣ, беш аз 160 намуди ҳунарҳои мардумӣ, 5 меҳмонхонаи замонавӣ ва 5 осоишгоҳ фаъолият менамоянд, ки барои қабули сайёҳон шароити мусоид фароҳам меоранд.

Дар фарҷом раиси шаҳр таъкид намуд, ки рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати шаҳрдорӣ ба шумор меравад. Ба гуфти ӯ, мавзеъҳои таърихию фарҳангии Истаравшан имконият медиҳанд, ки шумораи сайёҳон сол то сол афзоиш ёбад. Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр қарор дорад. Иҷрои чунин тарҳҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар маҷмуъ, андешидани ин тадбирҳо барои муаррифии бештари Истаравшан ҳамчун шаҳри таърихию сайёҳӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД