Arzon march 2024
ТАШАББУСИ ПОРАДИҲӢ АЗ ҶОНИБИ КИСТ?
2295

Коррупсия имрӯз чун заҳрпечак дар ҷомеаи мо реша давонда истодааст. Ба тарзи дигар, он мисли вабои аср ҷомеаи муосири моро фаро гирифтааст. Агар ба атроф нигарем, мушоҳида мешавад, ки фасодкорӣ дар пеши назар аз ҷониби тифл то пиронсол анҷом меёбад. Ё не?

Кӯдак аз рӯзи аввали пой бар боғча ниҳодан бо фасод рӯ ба рӯ мешавад. Мураббӣ барои “ину он” маблағ мепурсаду беибо ба кӯдакон ба кӯдакон мегӯяд, ки агар касе роҷеъ ба ин пурсад “Не” гуфтан даркор, яъне мо гӯё бе пул мехонем.

Дар мактабу донишгоҳҳо аҳвол бадтар асту беҳ не. Вақте донишҷӯ медонад, ки бо харидани китоби устод муфтакак соҳиби баҳо мешавад, дигар табиист, ки барои хондани китобҳои Айниву Улуғзода ва Икромиву Муҳамаддиев вақт надорад.

Донишмандон мегӯянд, ки донишҷӯи воқеӣ набояд барои баҳо хонад, аммо баҳо дар ҳаёти донишҷӯи буҷҷавӣ аҳамияти бузург дорад. Зеро дар ҳолати баръакс идрорпулӣ “месӯзад”.

Дар беморхонаю дармонгоҳҳо низ фасод дар ҳоли рушд аст. Табибе, ки ҳанӯз ҳатто бемориро хуб сарфаҳм намераваду раванди табобатро ақаллан намедонад, чашми тамаъ ба кисаи бемор медӯзад. Ин ҳамаро дида чаро хомӯшӣ?!

Дар байни кормандони мақомоти хусусию давлатӣ ва аҳли қалам низ фасодкорону ришваталабон кам нестанд. Албатта, шахсони некниҳод низ вуҷуд доранд, аммо амалҳои носазои як гуруҳ ба домани дигарон доғи нанг мегузорад.

Деҳотиён хуб медонанд, заҳрпечак алафест, ки ҳангоми ба дигар растаниҳо печидан, онро заҳрнок намуда, решаашро пурра нест менамояд. Вабо низ дардест, ки табобатнашаванда буда, инсонҳоро сироят карда, онҳо ба марг мерасонад (коронавирус собит кард). Пас, нест бода ПОРА!                                                                   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД