Formula novemver 2024
ТАШАБББУСИ ШАҲРДОРӢ АЗ ҶОРӢ НАМУДАНИ ТАРОФАҲОИ НАВИ "НИМСОЛА" ВА "СОЛОНА". МУФИД АСТ Ё НЕ?
4161

Шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайрҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе тағйирот ворид кард.

Шаҳрдор бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор қабул карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод кард.

Тибқи ин қарор, ба арзиши тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» чунин иловаҳо ворид гардид: Тарофаи «Нимсола» - и категорияи хонанда — 150 сомонӣ, донишҷӯ — 200 сомонӣ, шаҳрванд — 300 сомонӣ; Тарофаи «Солона»-и категорияи хонанда — 200 сомонӣ, донишҷӯ — 350 сомонӣ, шаҳрванд — 500 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ буда, бе назардошти пардохти фарқияти тариф аз ҳисоби буҷет роҳандозӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД