Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба оилаҳои қурбониёни ҳамла дар Нижнекамски Тотористон изҳори тасаллият кард. Дар ин бора Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Неонозиҳои Киев қасдан манзилҳо ва ҷойҳои кории намояндагони давлатҳои дӯст ба Русияро ҳадаф қарор доданд, то ба муносибатҳои бародарона байни мардум халал расонанд",- изҳор доштааст сафорат.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории “Спутник” ҳалокати як шаҳрвандашро дар ҳамлаи дронҳо ба Нижнекамск тасдиқ кардааст. Аз нафари ҳалокшуда Рамазоналӣ Басиров ном бурда шудааст, ки соли таваллудаш 1996 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла рӯзи 10-уми август ба Нижнекамск 13 кушта, аз ҷумла 8 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро бар ҷой гузошт.