Sebiston new 2024 october
Тарошидани риш дар хоб фоли нек аст?
1827

Қариб ҳар шаб хоб мебинам, ки риш тарошида истодаам. Умуман, хобҳоям дар мавриди ришанд. Мехоҳам таъбирашро донам.

Салимҷон, ш. Конибодом

Посух

Риш дар хоб боигарӣ, бузургиву ҳашамат аст. Агар мард хоб бубинад, ки ришаш дароз шудааст, соҳиби давлату шуҳрат ва зиндагии серу пур мегардад. Дар хоб риши худро тарошида дидан рехтани обрӯву нуфуз аст. Ҳар нафаре, ки дар хоб ҳам сару ҳам риши худро тарошида мебинад, мушкилаш ҳал мегардад, бемор бошад, шифо меёбад. Писарбачаи наврас худро бо риш хоб бубинад, нишонаи бад аст. Риши сип-сиёҳ дар хоб ба боигарӣ ишора мекунад. Риши сурх хоб дидан аз тақводориву порсоӣ нишон аст. Зане, ки дар хоб худро ришдор мебинад, ҳеҷ гоҳ таваллуд намекунад. Рафту зани шавҳардор бошад, чунин хоб дидан нишонаи аз шавҳар шуданро дорад. Агар зани ҳомила дар хобаш худро ришдор бубинад, писареро ба дунё меорад, ки баъдан сағера монданашг эҳтимол дорад. Риши сафед нишонаи эътибору манзалат аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД