formula
Таркиши мошини пур аз газ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
865


Ҳамасола бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш, ки бо мошин алоқамандӣ доранд, садҳо нафар одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Субҳи имрӯз дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боз як фоҷиаи хунину ҷигарсӯз рӯй дод, ки боиси марги чанд инсон гаштааст...


Субҳи 6- сентябр, дар километри 46-уми роҳи Душанбе- Хуҷанд-Чаноқ як мошини калони боркаш, ки гази моеъ мекашонд, таркида, бар асари ин ҳодисаи даҳшатовар 3 нафар ба ҳалокат расидаанд ва боз 4 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар ин бора ширкати IPS хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса дар натиҷаи кор накардани тормози мошин ба амал омада, ронандаи мошини таркида зинда аст ва айни замон дар беморхона таҳти назорату табобати табибон қарор дорад. Ҳалокшудагон тамошобинони ҳодиса буда, дар байнашон як зан ҳам ҳаст, ки дар зери автобуси Asian Express монда фавтидааст.

Автобуси Asian Express, ки дар дохили он 17 нафар меҳмонони Голландӣ буданд, бар асари таркиш ба лаби роҳ бархурдааст, вале хушбахтона ҳамаи меҳмонони хориҷӣ сиҳату саломатанд.
Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД