Commerce bank may-june 2026
Тариқи “Вотсап” фармоиши фолбинӣ мегирифтааст...
25.06.2026
Oila.tj
141

Кормандони Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ як зани 62-сола, сокини кӯчаи Балҷувони ноҳияи Вахшро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намудаанд. Ин нафар Қарахонова Назокат Абдуқаҳоровна мебошад.

Бино ба иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, муайян карда шудааст, ки номбурда ба гарму сард намудани муносибатҳои байни зану мард, бахткушоӣ, кушоши кор ва дигар шакли хизматрасониҳои дурӯғин машғул будааст.

- Қарахонова Н. А. огоҳ аз он ки дар Тоҷикистон машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ғайриқонунӣ асту барои чунин кирдорҳо ҷавобгарии маъмурӣ ва тибқи қонунгузории нав, ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, усули нави хизматрасониро пешаи худ карда, тариқи шабакаи иҷтимоии “Вотсап”, бо даъват ба манзили истиқоматӣ ва мағозаву коргоҳи шаҳрвандон рафта, амалҳои фолбинӣ, кушоиш дар касбу кор ва тиҷорат, гарм намудани муносибати оилавӣ ва дигар амалҳои фолбиниро иҷро карда, бар ивази хизматҳояш аз шаҳрвандон маблағҳоии пулӣ аз 50 то 500 сомонӣ талаб карда мегирифтааст,- мегӯяд манбаъ.

Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода ва бо қарори суд ба маблағи 6240 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД