Sebiston new 2024 october
Тақрибан 10 фоиз аз диктант баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд...
261

Тақрибан даҳ фоизи довталабон аз диктант баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд. Ин даҳ фоиз ба он идораву корхонаҳое марбут аст, ки қисми зиёди онҳо ба ҳисобу китоб дахл доранд.

Ҳамчунин ҳангоми аттестатсияҳо ва дигар чорабиниҳое, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ба забони тоҷикӣ диқати ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Ин нуктаро Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза қайд кард.

Номбурда вобаста ба норасогии воҳидҳои корӣ қайд кард, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ 12-13 фоиз, дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ 17-19 фоиз, дар сатҳи ҷамоатҳо зиёда аз 30 фоизи мансабҳо холӣ ҳастанд. Дар семоҳаи якум 15 нафар кам шуда, дар семоҳаи дуюм 51 ҷойи холии корӣ коҳиш ёфтааст.

Ҷумъа Давлатов вобаста ба захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ таъкид намуд, ки ба талаботи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест: “Нишондиҳандаҳо сол аз сол баланд мешавад, вале ҳоло ҳам ташкили захираи кадрҳо, кор бо захираи кадрҳо, омода намудани кадрҳои захиравӣ моро қонеъ намекунад. Албатта, минбаъд мо ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар хоҳем дод”.

Ин дар ҳоле гуфта шуд, ки дар соли 2023 захираи кадрҳо аз ҳисоби занҳо 84 нафарро ташкил медиҳад. Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4655 нафар ё 25,3 фоизро ташкил дода, 1211 нафар ё 20,4 фоизро занони роҳбар ташкил мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 нафар зиёд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД