toyota motors
Таҷовуз ба номус ва куштори як ноболиғ дар вилояти Хатлон
107

Дар вилояти Хатлон марди 35-солаеро бо гумони содир намудани ҷинояти сангини таҷовуз ба номус ва куштори як ноболиғ дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сокини ҷамоати деҳоти Бобошоҳи ноҳияи Восеъ Хайриддини Қурбоналӣ як ноболиғро ҳангоми аз мактаб баргаштан дар ҷойи хилват бо истифодаи зӯрӣ таҷовуз намуда, баъдан бӯғӣ кардааст. Ҷасади наврасро 29-уми апрел аз заминҳои хоҷагӣ пайдо кардаанд.

“Тибқи хулосаи пешакии экспертизаи судӣ-тиббӣ сабаби марги ноболиғ А. З. бӯғикунии механикӣ арзёбӣ мегардад”,- омадааст дар хабар.

Айни замон нисбати Хайриддини Қурбоналӣ бо иттиҳоми куштор бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Бар асоси ин банди қонун ба гумонбар Хайриддини Қурбоналӣ аз 5 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД