Савлатпочо Одинаева муваққатан сокини деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ мебошад. Зангҳои пайвастаи ин зани дар чорсӯйи зиндагӣ зру ҳайрон монда моро водор сохт, ки ба суроғаш рафта, аз дарду аламҳои дилаш бохабар шавем.
Савлатпочо бо шавҳари бемор ва 4 узви хонаводааш дар як ҳуҷраи хурд, ки пештар таҳоратхонаи масҷиди деҳа будааст, зиндагӣ мекунад. Ин ҳуҷра ҳам ҷои хоб асту ҳам ошхона, ҳам ҳамому ҳам ҳоҷҷатхона, вале аҳли ин оилаи камбағал худоро шукр мегуфтанд, ки дар кӯча нестанд, аммо...
Акнан Савлатпочо ва аҳли оилаашро маҷбур карда истодаанд, ки ҳарчи зудтар ин маконро холӣ намоянд. Шаҳараш муддати 8 сол бз рӯи бистарӣ беморӣ хобида ҳамагӣ 150 сомони нафақа мегирад ва зани бечора маҷбура ст, ки ба хотири пайдо кардани як пора нн ҳар шаб соатҳои 2-3-и шаб кӯчарӯбӣ равад. Дар сурати ронда шудан аз таҳоратхонаи масҷиди кӯҳна ин оилаи камбағал дар кӯча мемонанд. Биёед дарди дили Савлатпочо ва пайванднашро аз забони худашон бишнавем. (Видео)