Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзудааст. Гуфта мешавад, ки танҳо соли 2023 тақрибан 1,5 ҳазор мошини барқӣ харидорӣ шудааст.
- Тоҷикистон дар оянда ният дорад, ки ҳиссаи автомобилҳои барқиро то 20-30 фоиз афзоиш диҳад. Ин тадбирҳо дар доираи татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» ба нақша гирифта шудаанд, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2022 тасдиқ гардидааст,- меафзояд манбаъ.
Тавре зикр мегардад, барнома ба рушди технологияҳои хизматрасонии мошинҳои барқӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи он ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд ва вобастагии Тоҷикистонро аз сӯзишвории воридотӣ коҳиш медиҳад. Инчунин, бо гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ, ки асосан мошинҳо ихроҷ менамоянд, кам мешавад.
Бояд гуфт, соли 2022 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки он воридоти нақлиёти барқиро ба ҷумҳурӣ бе боҷи гумрукӣ дар 10 соли оянда, инчунин озод намудани онҳоро аз андоз ва аксизҳо пешбинӣ менамояд.