Манижа Сангин! Номи ин овозхони зодаи Тоҷикистон дар сомонаҳои иҷтимоии Русия ва Тоҷикистон ду рӯзи ахир мисли калимаи "коронавирус", ки тайи соли 2020 машҳур буд, вирди забон гаштааст: Зиёд навишта мешавад ва зиёд хонда мешавад.
Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни "Евровидение -2021" намояндагӣ хоҳад кард, ғайричашмдошт ба як чеҳраи ҷанҷолӣ дар расонаҳои Тоҷикистону Русия ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарду кишвар табдил ёфт.
Танҳо дар як гурӯҳ, ки таронаи "Russian Woman" (зани рус)-ро нашр кардааст, аз 158 шарҳи навиштаи корбарон ҳудуди 100-тоаш манфӣ аст.
Корбарон ба се гурӯҳ тақсим шудаву ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд: бархе изҳори нафрат аз тарона мекунанд, бархе мегӯянд суруд, ки дар жанри ғайримаъмулист шоистаи "Евровидение" аст. Бархеи дигар Манижа ва ҳунарашро аҳсан гуфтаву таронаро беҳтарин унвон мекунанд.
"Даҳшат", "Беҳтарин", "Ин чӣ таронае буд?!", "Хело ба ман писанд омад", "Қадам аз ӯ беҳтар месарояд", "хокрӯба", "партов" аз камтарин вокунишҳои манфиву мусбии корбаронри шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ба таронаи "Russian Woman"-и Манижа Сангин кардаанд.
Қадами Қурбон аз ӯ беҳтар месарояд!
Корбарон бештар иддао карданд, ки тарона ва жанри онро нафаҳмиданд.
"Наход як чизи беҳтареро интихоб карда натавонистед? Ба ҳар ҳол ба "Евровидение" пешниҳод мешавад", - менависад Дилором Юлдошева.
"Албатта офаринаш. Аммо ман ӯро намефаҳмам. Барои ман ӯ каме аҷиб ва нофаҳмост", - менависад Ниссо Шарофова.
“Репуртуари Қадами Қурбон аз ин беҳтар аст”, - менависад нафари дигар.
Аммо ин шарҳҳо дида корбароне, ки таронаро написандидаанд, сахттар гуфтаанд.
"Дурда", - менависад корбаре ва нифари дигар посух медиҳад, ки "Аз дурда ҳам бадтар, чигуна тарона аст, намефаҳмам".
"Даҳшат! Аз ин тарона гӯшҳоям гирифт. Суруд намехонаду дод мезанад. Либоспӯшиаш мисли масхарабозҳост", - қайд мекунад Людмила Федотова, ки ин гуфтаҳояшро сенздаҳ нафар писандидаанд.
"Ҷои 108-уминро барояш таъмин шудааст", - қайд мекунад нафари дигар. Гурӯҳи дигаре киноя аз он кардаанд, ки дар озмун чеҳраҳои ғайримаъмулӣ, аз қабили Кончита Врут, "зани ришдор" иштирок карда буданд.