Arzon march 2024
ТАЪНАИ ДУХТАРАМ МАРО БЕ КОРД КУШТ
11.11.2020
Р. Азимӣ
5432

 

Мегӯянд, ки сомонаи «ОИЛА» равзанаи рози дили хонандагон аст. Бо умед қалам ба даст гирифта рози диламро иншо намудам, ки шояд духтарам аз саҳифаи фейсбук номаи маро хонда, хатои бузурги содиркардаашро дарк мекунад. Аз минбари «Оила» ба духтари падарбезорам гуфтаниям:

Баҳсу мунозираи ногуворамон маро маҷбур кард, ки ба ин кор иқдом намоям. Модарат зинда мебуд, шояд лаҷоми туро дар вақташ мекашиду то ин рӯз намерасидем, вале чӣ кунам, ки тақдир ба ман бераҳмӣ намуда, ӯро барвақт рабуд. Ба модарам хиёнат карда, зани дигар бигирӣ, ман дигар як рӯз ҳам бо ту намеистам мегуфтӣ, хотири ту мани аҳмақ умри ҷавонамро хазон намуда, дигар хонадор нашудам. Ман ба хотири ту ба ҳама қурбонӣ розӣ шудам, вале дар ҷавоби ин ҳама ту чӣ кор кардӣ? Тести ҳомиладориро дар утоқи хобат дида, дилам аз дунё ях баст. Фаҳмидам, ки ту, духтари нозпарварди беақл ба доми кадом буққаи қади кӯча афтида, обрӯи маро ба хок яксон кардаӣ. Дар ҳамон лаҳзаҳо дилам мехост туро бо дастони худам буғӣ карда кушам, вале боз астағфируллоҳ гуфта, худро бо азоб ба даст гирифтам.

Вақте ба хона баргаштӣ, бо алам гуфтам: «Беҳаё, гавҳари номусатро кайҳо бохта, боз бо кадом рӯй ба хона меоӣ?» Гумон доштам, ки бахшиш мепурсӣ, ба пеши поям афтида тавба мекунӣ, вале забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, ба ҷойи узрхоҳӣ ардабаро сар кардӣ. «Ман кӯдак нестам, дилам чӣ коре, ки хоҳад, мекунам. Шукрона кун, ки аз хона баромада нарафтаам» гӯён, асабҳои харобшудаи маро бештар вайрон кардӣ. Таҳдид намудам, ки агар рафторат ҳамин бошад, ягон рӯз туро бо дасти худам мекушам.

Миллаат хам нахӯрда, бидиррос задӣ, ки одами маро мекуштагиро ҳанӯз очааш назоидааст. Гапҳои нешдори бисёре задӣ, вале «падар не, дарди сари зиёдатӣ шудӣ-ку» гуфтанат аз ҷавшани ҷонам гузашт. Ин гапат ба дилам аз корди тези говкушӣ ҳам сахттар халид. Фикр накардӣ, ки ман туро гуфта аз баҳри ҳама чиз гузаштам. Ба хотири он ки ту пеши пойи моиндар хору зор нашавӣ, умри ҷавонамро бе зан бар ҳадар додам. Оқибати эрка кардани фарзанд ҳамин будааст-да! Дигар тобу тоқати дидани рӯйи ту барин духтари шаттоҳи бешарму ҳаёро надорам. Сарамро гирифта аз хонаи бо хуни ҷигар сохтаам, аз манзиле, ки замоне бӯйи муҳаббат мекард, баромада меравам. Ба ҷое меравам, ки на ту бошиву на суханҳои заҳролудат. Алвидоъ духтарам!

Сироҷиддин, ш. Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД