arzon replenishment
ТАҲМИНА НИЁЗОВА: МАН ТОҶИКИСТОНРО ТАРК НАКАРДААМ!
1554


Вокуниши сароянда
Сомонаи “Оила” санаи 10 июни соли ҷорӣ, маводеро бо унвони “ЧАРО ТАХМИНА НИЁЗОВА ДУШАНБЕРО БА МАСКАВ ИВАЗ КАРД?

(https://oila.tj/news/charo-takhmina-niezova-dushanbero-ba-maskav-ivaz-kard) бо такя ба монобеи дар матлаб зикршуда, нашр намуда буд.
Дар матлаб аз ҷумла гуфта мешуд, ки ба хотири ривоҷ додани санъати худ ин сарояндаи тоҷик чанд сол боз дар Русия умр ба сар бурда истодааст. Хабари мазкур баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, зеро аксарият дар Маскав зиндагӣ кардани ин бонуи ҳунармандро ба маънии тамоман кӯч бастанаш аз Тоҷикистон қабул намудаанд.

Тахмина Ниёзова дар саҳифаи шахсии сомонаи “Оила” ба ин мавод вокуниш нишон дода, мегӯяд, нафарони зиёд ба ман навиштанд, ки гӯё Тоҷикистонро тарк кардаам, вале дар асл чунин нест. Ман ба хотири он ки ҷиянчаам аз бемории саратон вафот кард, ба Маскав рафтам”.

“Аввал аз хабарнигорон сипос, ки дар бораи фаъолияти ман дар Москва навиштаанд, лекин дар мавод каме нодуруст пешниҳод шудааст. Ҷиянам, духтарчаи 4 сола аз бемории онкологӣ чашм пӯшидааст. Аз он ки номи мақоларо аксарияти мардум нодурст фахмидан. Нафароне зиёде навиштанд ба ман, ки тарк кардаам Ватанро. Вале чунин нест. Ба шумо рӯзи пурбарор!”

Сароянда мегӯяд, дар куҷое, ки набошам, фарҳанги тоҷикро тағиб хоҳам кард, зеро ман ҳамон Таҳминае хоҳам монд, ки девонавор кишвари худро дӯст медорад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД