Arzon march 2024
Таҷлили “Рӯзи забони тоҷикӣ” дар Маскав
390

 

Ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Русия консерти идона медиҳанд Дирӯз дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони тоҷикӣ консерти тантанавӣ баргузор гашт.

Ин чорабинии ҷолиби фарҳангӣ дар доираи сафари ҳунарии як гурӯҳ ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия доир гашта, дар барнома намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, аҳли илму фарҳанг, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар тоҷикони муқими Русия иштирок намудаанд.

Барнома ба “Рӯзи забони тоҷикӣ” ва 32-юмин солгарди Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон бахшида шуда, ҳозирин аз шунидани мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои гулдухтарони тоҷик ба ваҷд омаданд.

Ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои дигари Россия аз ҷумла Уфа ва Санкт-Петербург низ чунин барномаҳои рангини консертиро барпо хоҳанд кард.

Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба “Ховар” хабар додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД