Бахшида ба Рӯзи Театри тоҷик имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамоиш доир мегардад.
Дар ҳамоиш порчаҳои ҷолибу рангоранг аз намоишҳои театрӣ манзури тамошобинон гардонида мешаванд. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳамасола 7-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба кушодашавии пардаи театр дар кишвари мо алоқамандӣ дорад. Бори аввал 7-уми ноябри соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1933 театр ба номи адиби машҳур Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик саҳми бузург дорад, гузошта шуд.
Имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд. Ҳунармандони тоҷик ҳоло бо барномаҳои ҷолиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ ҳаводорони зиëд пайдо намудаанд.