Имрӯз дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адибони ҷавон баргузор гардид.
Ин маҳфил дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир шуда, дар он як зумра адибони ҷавон иштирок карданд.
Дар маҳфил устодони соҳа, адабиётшиносон ва нависандаҳои халқии Тоҷикистон - Абдулҳамид Самад, Бахтиёр Муртазоев, шоирони халқии Тоҷикистон - Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон ширкат намуда, эҷоди адибони ҷавонро таҳлилу баҳогузорӣ карданд.