goodwell
Таҷлили Иди Меҳргон ва намоиш-фурӯши маҳсулоти арзон дар Боғи Фирдавсӣ
13.10.2026
Oila.tj
78

Дар Боғи Фирдавсии пойтахт рӯзи шанбе, 17-уми октябр иди Меҳргон таҷлил гашта, дар доираи ин чорабинӣ намоиш-фурӯши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, чорабинӣ аз соати 09:00 субҳ шуруъ гашта, деҳқонон аз гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар биринҷ, асал, себ, ангур ва анвои дигари меваю сабзавотро ба намоиш мегузоранд, кадбонуҳои моҳир бошанд, хӯрокҳои лазизи миллиро ба меҳмонон ва сокинони пойтахт пешкаш месозанд. Дар ин рӯз ҳунармандони халқӣ низ ҳунари худро ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд.

Дар ин боғ ҳамзамон чорабиниҳои “Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур”, “Ҷашнвораи занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” доир мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД