Дар остонаи ҷашни 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Газпром нефт - Тоҷикистон” ба поси хотираи неки иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Директори генералии ширкати “Газпром нефт - Тоҷикистон” Мирзоев Фарҳод Султонбекович ва Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти таърихии Иди Ғалаба суханронӣ намуданд ва наслҳои имрӯзаро ба расидан ба қадри сулҳу салоҳ даъват карданд.
Қайд карда шуд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, 90 ҳазорашон аз майдони набард барнагаштаанд. Қариб ҳар як хонавода қаҳрамони худро дорад ва наслҳои имрӯза бояд хотираи неки шаҳидонро барои наслҳои оянда ҳифз намоянд.
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба майдони театри кушода табдил ёфта, ронандагон ва меҳмонон иштирокчиёни бевоситаи маҳфил гаштанд. Гурӯҳи ҳунармандон бо роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Исфандиёр Ғуломов намоишномаи «Як умр - як ғалаба»-ро, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст, пешкаши тамошобинон гардониданд, ки аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои гарми бардавом истиқбол гирифта шуд.
Пас аз ин гурӯҳи созию овозӣ бо роҳбарии Таҳмина Рамазонова сурудҳои маъруфи солҳои ҷангро иҷро карданд.
Баромади оркестри ҳарбӣ бошад, ба чорабинӣ шукӯҳи дигар бахшид.
Ошхонаи саҳроии ҳарбӣ фазои он солҳоро хаёлан дар пеши назари тамошобинон зинда гардонида, даҳҳо нафар меҳмонон ба он ҳамроҳ шуданд.

Бояд гуфт, ки баргузор намудани барномаи идона ба ифтихори ҷашни 9-уми май дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба як анъанаи нек табдил ёфтааст ва ҳамасола ширкат бо мақсади гиромӣ доштани хотираи неки шаҳидон ва қурбониёни роҳи озодӣ маҳфили хотиравӣ баргузор месозад.
Зимни чорабинӣ таъкид карда шуд, ки имрӯз мо бояд ба қадри сулҳу субот, ки бо матонат, мардонагӣ ва фидокории аҷдодони қаҳрамонамон ба даст омадааст, бирасем.