Commerce bank may-june 2026
Таҷлили бошукӯҳи Иди Ваҳдати миллӣ дар Хуҷанди бостон
130

Ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти вилояти Суғд, фаъолон, собиқадорони меҳнат, намояндагони касбу кори гуногун, аҳли илму фарҳанг, ҷавонон ва сокинони вилоят иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфт.

Зимни суханронии худ Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, барои рушди устувори давлат ва зиндагии осоиштаи мардум заминаи мустаҳкам гузоштааст.

Зикр гардид, ки маҳз бо талошу хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Раиси вилоят аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардидааст. Ӯ таъкид кард, ки таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва саноат аз самараи сиёсати созанда ва хирадмандонаи роҳбарияти давлат ба шумор меравад.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши саҳнавиро манзури иштирокдорон намуданд, ки дар он рӯзҳои бисёр сангин ва пурфоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо маҳорати баланд инъикос ёфтааст.

Дар идомаи барномаи рангини фарҳангӣ сарояндагони маъруфи вилояти Суғд сурудҳои ватандӯстона, тараннумкунандаи сулҳ, ваҳдат ва муҳаббат ба Ватанро иҷро намуда, ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати бештар зам карданд.

Ҳамзамон, ансамблҳои рақсии вилоят бо иҷрои рақсҳои дилнишини миллӣ табъи ҳозиринро болида сохта, фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои неки халқи тоҷикро муаррифӣ намуданд.

Ҳунарнамоии аҳли фарҳанг бо кафкӯбиҳои гарми ҳозирин истиқбол гирифта шуд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД