Sebiston new 2024 october
Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Туркманистон
196

Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ як чорабинии ҷашнӣ баргузор намуд.

Вафо Ниятбекзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон зимни суханронии худ дар чорабинӣ таъкид намуд, ки Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат ва гувоҳномаи давлати озод аст.

Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ва ба заминаи ҳуқуқии бунёдии давлати озоди тоҷикон ва шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ табдил додани Конститутсия саҳми беназир доранд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони озод неруи тоза мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД