arzon replenishment
Талабкунандаи маблағро ба мо хабар диҳед!
775

 

Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қабули кӯдакон ба синфи якум ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.

«Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) ба тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст», - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки қабули хонандагон ба мактаб дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба роҳ монда мешавад.

«Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод кунанд»,- омадааст дар иттиллоия.

Ёдовар мешавем, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2016 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд ва агар кӯдак 1 январи соли 2017 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар шаҳри Душанбе 30 ҳазору 55 хонанда ба синфи 1 қадам гузошта буд. Дар айни замон дар пойтахт 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки аз он 30-тоаш муассиса хусусӣ буда, 12 муассиса дар тобеияти ташкилоту идораҳо фаъолият менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД