Formula novemver 2024
Таксикози хунин | Шавҳар занро бо табар заду...
08.05.2019
Р. Азимӣ
4635

 

Заринаи ба хун оғушта ва пайвандони шавҳараш овозаҳоро дар бораи бо сабаби хиёнат ҳамсарашро табаршап кардани
Исо Гулови ҳисориро рад мекунанд.

 Шавҳар занро бо табар заду...

Ҳафтаи гузашта ВКД хабар дод, ки дар шаҳри Ҳисор марде ҳамсарашро се табар задааст. Дар хабар омадааст, ки Исо Гулов бо сабаби ҳиссиёти рашк ҳамсараш Зарина Гуловаро дар сари қаҳру ғазаб се табар зада, сахт захмдор мекунад ва пас аз анҷом додани ин амали хунин, бо гумони он ки занашро ба қатл расонд, ба шуъбаи милитсияи шаҳри Ҳисор рафта, ба ҷинояти содирнамудааш иқрор ва таслим шудааст.

Хабари мазкур дар дигар сомона ва нашрияҳо низ ҷой ёфта, ишорат мерафт, ки гӯё ин зан бо ягон марди бегона не, балки бо бародари шавҳараш муносибатҳои ошиқона доштааст ва гуфтаҳои фарзандонаш дар бораи он ки “модарашон бо амакашон бӯсобӯсӣ мекард” шавҳарашро “девона” карда, табар ба даст гирифтааст, то ҷазои зани хиёнаткорро диҳад.

Барои фаҳмидани ҳақиқат доштан ё надоштани овозаҳо ва огоҳ шудан аз вазъи саломатии зани ҷабрдида, мо мухбири ҳафтаномаи “Оила” Рустам Азимиро ба шаҳри Ҳисор фиристодем.

Инак, суҳбати кӯтоҳи мухбирамонро бо худи ҷабрдида Зарина Гулова ва пайвандони ин оила манзуратон мегардонем.

Хонаи туҳматчӣ сӯзад!

Зарина Гулова айни замон дар беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор қарор дорад. Табибони ин даргоҳ шабу рӯз дар талош ҳастанд, то ҷони ин ҷавонзани ҷабрдидаро, ки дар батнаш тифли семоҳа дорад, наҷот диҳанд. Баробари ба палата ворид шудан чашмам ба зане афтид, ки бо гардани докапеч ва сару рӯи баста дар рӯи бистари беморӣ мехобид. Нолиши талхи ҷавонзан аз он гувоҳӣ медод, ки ҳолаш ҳанӯз ҳам хеле бад аст ва захмҳои бардоштааш сӯзиш доранд. Вақте худро муаррифӣ намудам, бо шунидани калимаи “журналист” доду фиғони зани тақрибан 45-50- солае, ки дар болои сари бемор нишаста буд, ба фиғон печида, қариб монда буд, ки ба ман дарафтад. “Тезтар баромада рав! Рав аз ин ҷо, мо ягон чиз намегӯем! Ҳамин овозаҳои беасосро ту барин журналистон бароварда, обрӯи духтари маро резонданд. Ин гап дар куҷо меғунҷад, ки янга бо қайнӣ мегаштааст?! Ҳамааш дурӯғ аст. Духтарамро туҳмати ноҳақ карданд, худобехабарон! Илоҳо хонаи туҳматчӣ сӯзад...” гӯён, зан чунон бо дард гиря мекард, ки гумон кардам модари ҷабрдида аст, аммо баъдтар маълум шуд, ки он зан модари Зарина ва хушдомани Исо Гулов будааст. Танҳо пас аз 15 дақиқа ба ман муяссар гашт, ки мақсади омадани худро, ки фаҳмидани асли ҳодиса буд, фаҳмонда, ҷабрдида ва модару модаршӯи ӯро ба суҳбат розӣ кунонам...

 Модари Исо Гулов:
Келинам зани бероҳа набуд

-Дар бораи ин ҳодиса овозаҳо хеле зиёданд, вале мо мехоҳем асли гапро аз забони касоне фаҳмем, ки Заррина ва Исоро беҳтар аз дигарон медонанд. Шумо ҳамчун модар сабаби ин моҷарои хунинро дар чӣ мебинед? Келинатон чӣ гуноҳ кард, ки писаратон ӯро бо табар зада захмӣ намуд?

-Ман модарам, сарам сафед шуда, поям ба лаби гӯр расидааст, барои ҳамин дурӯғ намегӯям, чунки дурӯғ одамро аз имонаш ҷудо мекунад. Ин овозаҳои гӯшхарош дар бораи он ки гӯё писари мо аз рӯйи хиёнат занашро бо табар зада куштанӣ шудааст, дурӯғанд. Келинам, агар ягон гуноҳ медошт, магар ман имрӯз дар болои сари ӯ нишаста гиря мекардам? Зан бошам ҳам, ман нангу номус дорам, агар келинам Заррина як қадами ноҷо мемонд, дар болои сараш нишастан он тараф истад, ҳаргиз поямро ба дари беморхона намемондам, вале гуноҳ надорад. Ягон гуноҳ надорад. Бори дигар мегӯям, ки келинамро туҳмат карданд. Илоҳо хонаи туҳматчӣ сӯзад!

-Мегӯянд, ки фарзандонаш ба Исо хабари бо амакашон бӯсобӯсӣ кардани модарашонро расондаанд ва дар сари қаҳр вай занашро бо табар задааст...?

-Гуфтам-ку дурӯғ аст. Ҳамааш дурӯғ аст. Аз рӯзе, ки Заринаро арӯс карда, ба хонаам овардам, вай барои мо келин не, мисли духтарамон аст. Бачаҳоям янгаашонро мисли фарзанди падар дӯст медоранд ва ҳатто апаҷон мегӯянд.   Дар 10 соли зиндагияшон Заринаю Исо соҳиби 4 фарзанд шуданд, вале яктоаш мурд. Хушдоман шуда, дар ҳамин қадар сол ман аз ин духтар ягон камбудӣ надидам ва имрӯз ҷигарам модарвор барояш месӯзад...

-Шумо ҳамчун модар сабаби пайдо шудани овозаи нохушро дар бораи бо бародари шавҳараш ишқварзӣ кардани келинатонро дар чӣ мебинед?

-Писарам Исо таксист аст ва саҳар баромада, қарибиҳои шаб меояд, аз ҳамин сабаб, ман писарони хурдиамро тез-тез ба хонааш мефиристодам, ки рафта бинед, агар ба янгаатон ягон чиз лозим бошад, харида биёред ва ба корҳояш ёрӣ диҳед. Писари хурдиам бисёр бачаи шӯх аст. Вай Заринаро мисли апааш медонад ва мудом бо янгааш шӯхӣ карда механдид. Эҳтимол ягон ҳамсоя бо ҳам баланд-баланд гап зада, хандидани янгаву қайниро дида, чунин овозаи нохушро паҳн карда бошад...

-“Писаронамро ба хонаи акаашон мефиристодам” гуфтед. Магар Зарина ва шавҳараш бо шумо зиндагӣ намекарданд?

-Муддати 7 сол бо мо зиндагӣ карданд, баъди ба писари дуюмам келин фаровардан ману падараш бо дуои сафед хонаи онҳоро ҷудо кардем. Ҳамин тавр, писарам Исо дар поёни деҳа замин гирифта, хонаи нав сохта рафт ва се соли охир ҳамроҳи зану фарзандонаш дар он ҷо зиндагӣ мекард. Ҳар гоҳ ба хонаи писарам рафтанӣ шавам, агар касе дар роҳ ба куҷо равон буданамро пурсад, мегуфтам, ки хонаи Зарин меравам. Ҳамсояҳо механдиданд, ки барои чӣ хонаи писарам нею хонаи Зарин мегӯӣ. Дар ҷавоб мегуфтам, ки Зарина келинам бошад ҳам, ман ӯро ҳатто аз фарзандони худам бештар дӯст медорам....

-Муносибати писару келинатон дар хонаи нав чӣ гуна буд? Ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан ҳис намекардед, ки аз ҳамдигар хафа ҳастанд?

-Албатта ягон зиндагӣ бе гап намешавад, вале писару келинам ҷангӣ набуданд. Зарина духтари шаҳрӣ бошад ҳам, хулқу рафтораш хуб аст. Овоз баланд намекард, дод намезад, нисбати шавҳараш беҳурматӣ намекард. Вақтҳои охир писарам кам-кам нисбати занаш хурдагирӣ мекард, вале дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе кор то ба хунрезӣ рафта мерасад. “Остонаи дар ба ҷанги зану шавҳар механдад” гуфта, аҳамият намедодем. Гумон доштем, ки ғурбат мекунанду боз Лайлию Маҷнун мешаванд, вале... Намедонам сари писарамро кӣ гиҷ кард ва Исоро чӣ ҷин зад, ки ин кори намешудагиро карда, ҳам ҳаёти худашро сӯхту ҳам келинамро маъюб кард.

-Таъминоти моддиашон чӣ гуна буд? Эҳтимол камбудиҳои рӯзгор боиси моҷарои хунин гашта бошад?

-Навхона бошанд ҳам, аз чизе камбудӣ надоштанд. Писарам таксист буд ва ҳар бегоҳ бо дасти пур ба хонааш меомад. Заринҷон гуфта, дар гирди занаш парвона буд. Ҳамеша мегуфт, ки занамро баробари ҷонам дӯст медорам. Намедонам чаро муҳаббати бузургаш дар як лаҳза ба нафрат табдил ёфт...

-Пас, сабаби сар задани ин моҷарои хунин чист?

-Байни писару келинам чӣ гап гузашт, ки Исо ин корро кард, намедонам. Ман ҳамчун модар фақат як чизро аниқ медонам, ки келинам бероҳа нест ва писарони ман ҳам худозада нестанд. Ин овозаҳо дар бораи ишқварзии янгаву қайнӣ асос надоранд. Қасам мехӯрам, ки писаронам шайтонсират нестанд. Онҳо шаъну шарафи мардӣ доранд ва ҳеҷ гоҳ ба янгаашон бо чашми бад нигоҳ намекунанд!

-Рост аст, ки баъди занашро се табар задан, писаратон худаш ба мақомот таслим шудааст?

-Бале, рост аст. Хаёл кардааст, ки занашро куштааст ва аз ғояти тарсу ҳарос зуд ба милисахона рафта, таслим шудааст.

-Шуморо кӣ аз ин ҳодисаи хунин огоҳ кард?

-Ҳамон рӯз ба тӯй рафтанӣ будем. Нав тайёрӣ дида истода будем, ки аз мақомот занг заданд. Хуҷаинам дар масҷид буд. Вақте фаҳмидам, ки писарам занашро бо табар задааст, ҳуш аз сарам парида, ҷигарам пора-пора шуд. Ростӣ, чӣ хел ба хонаи Заринаю Исо расиданамро намедонам. Вақте ки мо аз дар даромадем, кӯдакош дар тори сари келинам буданд ва бо як овоз оча, очаҷон гуфта гиря мекарданд. Хонаҳои пур аз хун ва гиряҳои зори набераҳоямро дида, дилам реш-реш шуд. Кормандони мақомот аввал моро наздик шудан намонданд, чунки ҳама гумон доштанд, ки келинам мурдааст. Вақте Заринаро зинда дарёфтем, Худоро ҳазор бор шукр гуфтам. 10 шабонарӯз аст, ки дар болои сари келинам нишастаам. Шабҳоро дар ҳавлии беморхона саҳар карда, бо ду чашми ашкбор аз Худованд зудтар шифо ёфтани келинамро талаб карда истодаам.

-Фарзандони Заринаро кӣ нигоҳубин карда истодааст?

-Аммаашон. Писарчаи хурдиаш нав дуюнимсола аст. Духтарам занг зада мегӯяд, ки оча, бачаи акам ҳар рӯз аз дастам дошта, мана пеши очаю дадам бар мегӯяд, намедонам чӣ кор кунам. Бо шунидани суханҳои набераҳоям ҳар рӯз як бор мурда аз нав зинда мешавам...

Ин модари зор дигар тоби бардоштани фоҷиаи азими ба сараш омадаро накарда, инони гиряро сар дод ва мо ба захмҳои дилаш беш аз ин нохун задан нахоста, бо чанд савол ба худи ҷабрдида Зарина Гулова муроҷиат намудем.

Зарина Гулова: Ҳомила, ки шудам мард дар назарам хук метобад

-Заринабону, дуо мекунем, ки Худованд ба шумо шифои комил диҳад. Медонам, ки ба ёд овардани он рӯзи даҳшатангез осон нест, вале ба хотири хотима гузоштан ба овозаю ҳангомаҳое нохуше, ки дар байни мардум пайдо шудаанд, маҷбурем ки шуморо нороҳат созем. Байнатон чӣ гап гузашт, ки шавҳаратон ин қадар сахт ба ғазаб омада, шуморо табаршап кард?

-Росташро гӯям, ман аз гуфтани сабаби ҷанҷоламон шарм медорам. Айб мешавад гуфта, дар телевизион ин гапро нагуфтам, аммо пайдо шудани овозаҳои нохуш маро маҷбур месозад, ки ҳақиқатро бигӯям. Ҳамааш аз пушти ҷогахобӣ сар шуд. Ҳамон шаб шавҳарам сахт ба ман часпида, мехост нафсашро қонеъ кунад, вале ман ӯро ба худам наздик шудан намондам. Дид, ки ман ҳеҷ сар фароварданӣ нестам, ба ғазаб омада дод зад, ки бо ман хоб рафтан нахоҳӣ, ба падару модарат занг зан, омада туро бо кӯчу бандат гирифта баранд, талоқатро медиҳам. Майлаш гуфта, телефонро ба даст гирифтам, вале нав ба хонаамон занг заданӣ будам, ки шавҳарам дастамро дошта, илтиҷо кард, ки ин корро накунам. Вай гиряву зорӣ намуда, гуфт, ки ин хонаву дарро танҳо ба хотири ман сохтааст, охир мо се фарзанд дорем ва Худо хоҳад ба наздикӣ боз кӯдакдор мешавем. Андешаи тақдири фарзандонамро карда, фикри ҷудоиро аз сарам берун кунам...

-Бубахшед, охир бегонаю номаҳрам не, шавҳари никоҳии худатон аст, чаро ӯро ба худ наздик шудан нагузоштед?

з давраи келинчакиам таксикози ман бисёр вазнин мегузарад. Ҳомиладор, ки шудам, мард дар назарам мисли хук менамояд ва дигар шавҳарамро ба худам наздик шудан намемонам. Ин ҳолат ҳамагӣ 3-4 моҳ давом мекунад, баъд сарторикиам гузашта, боз мисли пештара мешавам. Айни замон семоҳа ҳомиладор ҳастам ва сабаби рад карданам таксикоз буд, на ягон чизи дигар...

-Шумо мегӯед, ки шаб байнатон ҷанҷол шуд, вале ин ҳодисаи хунин саҳар рӯй додааст. Инро чӣ хел фаҳмем?

-Шаб баъди моҷаро ман писарчаамро гирифта, дар замин хоб рафтам. Шавҳарам “майлаш имшаб хоб рав, баъд саҳар мебинем” гуфту рӯяшро гардонда хоб рафт. Субҳ бо табъи гирифта аз хоб бедор шуд ва боз пурсид, ки бо вай зиндагӣ кардан мехоҳам ё не? Хомӯш истода, ба саволаш ҷавоб надодам. Қаҳраш омад ва боз ҳамон гапи шаб гуфтаашро такрор кард, ки ба модарат занг зан, ҷавобатро медиҳам, бигзор омада, туро хонаатон баранд. Чизе нагуфта, телефонро гирифтам ва рақами хонаамонро чидан гирифтам. “Иқа меҳната барои ту кардам. Хонаву дарамон нав обод шуд, чӣ хел дилат мешавад, ки мана партофта меравӣ” гуфта, аз банди дастам маҳкам дошт. Қаҳрам омаду гуфтам, ки ҳамааш дар дилам зад, дигар на зиндагӣ дар чашмам метобад ва на хонаву дар, беҳтараш биё ба хубӣ ҷудо мешавем. Шавҳарам пурсид, ки аз фикрам гаштанӣ ҳастам ё не, вале ман якравӣ карда “ҷудо мешавем” гуфтам. Исо ин гапро шунида, лаб газид ва ҳозир, як дам ист гуфту берун баромад. Шавҳарам чӣ хел аз дар даромад ва чӣ гуна бо табар ба китфам зад, намедонам. Вақте ки бо пушти табар ба китфам зад шок шуда, якпаҳлӯ афтидам. Вой дастакам гуфта, гашта нигоҳ карданӣ будам, ки зарбаи дуюми табар ба пушти сарам омад. Дигар чӣ шуду чӣ монд, дар ёд надорам. Вақте ки ба ҳуш омадам, аллакай дар беморхона бо сару рӯи баста хобида будам...

-Пештар ҳам байнатон моҷаро ва ҷангу ҷанҷол мешуд?

-Ҳар гоҳ, ки ҳомиладор шавам, аҳвол ҳамин буд. Барои он ки шавҳарам ба ҷони ман нарасонад, падару модарам чипта харида, ӯро ба Русия гусел мекарданд. Ин дафъа ҳам зорию тавалло намудам, ки домодатонро ба Русия равон кунед, то ки 5-6 моҳ, то гузаштани сарторикии ман дар ҳамон ҷо кор кунад, вале бо сабаби набудани маблағ ин корро накарданд....

-Байнатон танҳо бо ҳамин сабаб моҷаро мехест?

-Як соли охир шавҳарам мудом хӯрдагирӣ карда, аз таги нохун чирк мекофт. Вай ба ҳар як кори ман эрод гирифта, маро асабонӣ мекард, аз ҳамин сабаб, вақте гуфт, ки ба падару модарат занг зан, биёянд, ҷавобатро медиҳам, ба хонаатон рав, ман низ паст наомада, масъалаи ҷудо шуданро дар наздаш кундаланг мондам ва ба гапҳояш сар нафаровардам.

-Ба шавҳаратон чӣ ҷазо талаб доред?

-Ман нисбати шавҳарам ягон даъво надорам. Дар ин ҳодиса айби худам ҳам шуд, чунки ӯро ба худ наздик шудан намондам ва ба гапаш гап гардонда, ҷудо мешавем гуфтам.

-Шумо аз гуноҳи шавҳаратон гузаред ҳам, қонун ӯро намебахшад. Эҳтимол чанд соли умрашро дар пушти панҷара сипарӣ намояд. Шумо минбаъд чӣ кор карданӣ ҳастед?

-Сарфи назар аз он ки ба ӯ чанд сол ҳукм медиҳанд, шавҳарамро интизор мешавам. Пас аз ба озодӣ баромадан, агар бо ман зиндагӣ кардан хоҳад, зиндагиамро идома медиҳам, чунки чӣ хеле набошад, ман аз ин мард се фарзанди зиндаву саломат дорам ва боз дар батнам тифли семоҳа ҳаст. Ҳаргиз ягон каси дигар ба фарзандони ман падарӣ карда наметавонад.

-Нисбати овозаҳо чӣ гуфтаниед?

-Ҳамааш туҳмати бекор аст. Бигзор мардум чизе, ки мехоҳанд, гуфтан гиранд. Муҳимаш он аст, ки ману шавҳарам сабаби ҷанҷолро хуб медонем. Касе аз аҳли оилаи шавҳарам ба ин овозаҳо бовар надорад, барои ҳамин ҳаминаш кифоя аст.

-Хушдоманатон нақл карданд, ки вақте онҳо расида омаданд, кӯдаконатон дар болои сари шумо очаҷон гуфта гиря доштанд. Фарзандонатон чандсолаанд?

-Калонӣ 7-сола, дуюмӣ 5-сола, писарчаи хурдиам ҳанӯз 3-сола нашудааст. Айни ҳол дар шикамам семоҳа кӯдак дорам.

-Худованд ба шумо шифои комил диҳад, то фарзандонатонро парасторӣ намоед!

Модари Зарина: Духтарамро насиҳат мекардам, вале...

-Зарина мегӯяд, ки ҳар гоҳ ҳомила шавам, мард дар назарам мисли хук метобад. Шумо аз ин ҳолати духтаратон хабар доштед?

-Духтарам панҷ бор ҳомиладор шуда бошад ҳам, дар ҳама фарзандонаш ҳолаш ҳамин буд. Ҳамеша мегуфт, ки оча, давраи аввали ҳомиладории ман бисёр вазнин мегузарад. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки шавҳарамро бад мебинам. Дар назарам мисли хук метобад.

-Барои бартараф намудани ин ҳолат ягон чора наандешидед?

-Пештар шавҳарашро ба Русия коркунӣ равон мекардем. Домодам то қарибиҳои таваллуд кардани занаш дар Русия кор карда, ҳар моҳ пул равон мекард. Мудом занг зада, хоҳиш мекард, ки Заринаро нағз нигоҳ кунем, то ки сиҳату саломат таваллуд кунад. Занашро бисёр дӯст медошт. Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе шавҳараш ба сари духтарам табар мекашад...

-Зарина мегӯяд зиндагӣ ба дилам зада буд ва мехостам аз шавҳарам ҷудо шавам...?

-Вақтҳои охир дар ҳақиқат баъзан ҳамин хел мегуфт, вале ман ӯро насиҳат мекардам, ки ин фикрҳои хомро аз сараш дур карда, зиндагиашро маҳкам дорад, чунки шӯйи дуюм ҳаргиз ӯро тори сар намекунад...

-Онҳо се фарзанд ва хонаву дари обод доранд. Навакак худатон гуфтед, ки зиндагиашон бад набуд ва домодатон ҳар гоҳ ба Русия равад, ба занаш пул мефиристод. Пас, чаро духтаратон аз шавҳараш ҷудо шудан мехост?

-Ростӣ, сабабашро ман ҳам намедонам. Борҳо аз духтарам пурсидам, ки ягон кас туро ҳаво медиҳад, касе шавҳаратро ба ту ганда мекунад ё духтари шаҳрӣ ҳастию деҳа намефорад, ки ҷудо шудан мехоҳӣ. Дар ҷавоб мегуфт, ки ягон кас маро ҳаво намедиҳад, вале шавҳарам вақтҳои охир ба асабам бисёр мерасад. Вай ба ҳар як кори ман чаққа мешавад. Эродгириҳояш дар дилам задааст, барои ҳамин ҷудо мешавам. Қасд кардагӣ барин, ин дафъа пул нашуд, ки шавҳараш то гузаштани сарторикии духтарам ба Русия равад. Норозигӣ аз ҳамдигар қатра-қатра дар дилашон ҷамъ шуда, оқибат дарёи хун гашт.

-Хабари духтаратонро бо табар задани домодатон чӣ гуна ба гӯши шумо расид?

-Субҳ, соати 6:59 дар телефонам аз рақамҳои духтарам як гудок омадааст, вале ман аз паси корҳои ошхона нафаҳмида мондаам. Вақте ин хабари шум ба мо расид, ки аллакай кор аз кор гузашта, духтарам қариб мурда буд.

-Бисёриҳо сабаби моҷарои хунини домоду духтаратонро дар рашк медонанд. Шумо чӣ мегӯед?

-Духтари ман беҷогард набуд, ки шавҳараш ӯро бо ягон кас қапида бошад ё рашк кунад. Сабаби ин ҳодисаи гӯшношунид таксикози Зарина аст. Духтарам, агар ҳомиладор намешуд, шояд ин ҳодисаи нохуш рӯй намедод, вале аз тақдиру насиб гурехта намешудааст.

-Барои домодатон аз суд чӣ ҷазо мехоҳед?

-Саломатии духтарам барқарор шавад, барои мо ҳаминаш кифоя аст. Ягон даъво надорам, на нисбати домодам ва на нисбати қудо. Умраш, агар дароз бошаду зиндаву саломат ҷазояшро адо карда барояд, домодамро бо духтарам рӯ ба рӯ шинонда мепурсам, ки ту барои чӣ ин корро кардӣ. Дилаш ба зану фарзандонаш бошаду пушаймон шудам гӯяд, бигзор духтарам бо шавҳараш зиндагиашро давом диҳад. Ман ҳамчун модар зид нестам, чунки онҳо фарзанд доранд. Намехоҳам, ки набераҳоям зиндаятим шаванд...

-Хароҷоти беморхонаро кӣ пардохт карда истодааст?

-Хусуру хушдоманаш. Бечораҳо даҳ рӯз боз орому қарор надоранд. Ягон чиз даркор шавад, зуд “қудо, шумо дар пеши Заринаҷон шинед, мо худамон ҳал мекунем” гуфта, тамоми дорую дармони фармудаи табибонро дар як дам ёфта меоранд. Хусуру хушдоман ва додаршӯйҳои духтарам Зарина дар атрофамон парвонаанд. Духтари ман, агар бероҳа мебуд, магар падару модар ва бародарони шавҳараш барои наҷот додани ҷони вай ин қадар талош мекарданд. Заррина, агар ягон айб медошт, пояшонро ба дари беморхона намонда, мурдаашро бо лагад мезаданд, вале ба покии духтарам, ки бовар доранд, ӯро мисли фарзанди худашон эҳтиёт карда, ҳама корро карда истодаанд, ки сиҳату саломат ба по бархезад....

-Нисбати овозаҳо чӣ назар доред?

-Ман ҳамчун модар дуо мекунем, ки хонаи туҳматчӣ сӯзад. Касе, ки ин гапи дурӯғро бофта, обрӯи фарзанди маро резондан мехоҳад, рӯзи духтарам ба сари фарзандаш ояд. Духтари ман ҳаргиз зани бероҳа набуд, нест ва намешавад. Зарина бисёр духтари бо нангу баномус аст ва шаъну шарафи худу волидонашро ҳеҷ гоҳ паст намезанад!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД