22 майи соли 2023, соати 10:43 бо вақти маҳаллӣ, дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Бино ба гузориши Институти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ин заминларза 295 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 60 километр ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар ҳудуди Афғонистон буд.
Манбаъ ҳамчуни хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл буд. Дар ноҳияи Ишкошим 3 ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надорад.