arzon replenishment
Таъқиби шавҳар, тамос ба рафиқон ва ҳазору як воситаи дигар ...
685

Рашк эҳсосоти табиӣ аст, ки дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад. Он ҳар гуна мешавад ва ба молу маноли касе, ба падар, модар, ёру бародар ва ҳамсар. Рашки маъмулӣ одатан байни марду зане, ки ҳамдигарро дӯст медоранд пайдо мешавад.

Ҳамсар ба шавҳараш рашк кунад, то андозае ҷолибу дилкаш аст. Ба мардон низ писанд аст. Ин эҳсоси онро дар мард пайдо мекунад, ки занаш ӯро дуст медораду ба ӯ аҳмият медиҳад. Вале занҳое ҳастанд, ки аз меъёр зиёд асту, ба дили мард мезад ва ӯро хонагурез мекунад.

Аҷибаш ин аст, ки ҳангоми муноқишаҳое, ки аз рашк пайдо мешавад, ҳарду тараф ҳам фикр мекунанд, ки ҳақ бар ҷониби онҳост. Ва то андозе баҳона пеши ҳам меоранд, то ҳақ будани худро исбот намоянд.

Ҳамсари оқил дар ҷавоби рашки бемаънии ҳамсар ором будани худро бояд нигоҳ дорад. Ва метавонад ин ҷанги беохирро бо як шаби романтикӣ иваз намояд. Чунки одами рашкинро тарбия кардан тамоман бемаъно аст. Ин эҳсос дар хуни ӯст ва он тағирнаёбанда аст.

Мавлуда як ҳамсуҳбати мо дар ин мавзуъ нақл кард, ки духтарамакаш ба шавҳари худ зиёд рашк мекард. Шавҳараш шахси низомӣ буду ҳар вақте лозим мешуд, ӯро ба кор даъват мекарданд. Ҳанӯз пояш ба ҳуҷраи корӣ нарасида, зангҳои телефонӣ қатор мешаванд. Ба телефонҳои дастӣ занг мезанад, ба рақами ҷойи кор занг мезанад, ба рафиқонаш занг мезанад ва агар аз он тараф ҳеҷ ҷавобе нашунавад, таксӣ гирифта, ҷойи кор омада, шавҳарашро тафтиш мекунад, ки мабодо ҷое ва ё пеши касе нарафта башад.

Рашк маҷбур кард, ки шавҳараш баҳонаи сафари хизматӣ намуда, ба хориҷ равад. Гандагии кор дар он аст, ки ба хотири чор фарзандаш наметавонад аз ин зани бадрашк халос шавад ва ҳам бо ӯ зиндагӣ кардан тоқатнопазир аст.

Ҳамсӯбати мо гуфт, ки аз хешдухтарам дарси адаб гирифта, ба шавҳарам рашки бемаънию аз ҳад зиёд намекунам.

Аз идора: Хонандаи гиромӣ, ба андешаи шумо ба шавҳар рашк кардан лозим аст ё не?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД