sebiston july new
ТАФСИЛОТИ МАРГИ ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ
4464

Шоири халқии тоҷик Гулназар Келдӣ имрӯз дар синни 75 - солагӣ дар беморхона ҷон дод. Хабари марги шоирро Дилписанд Келдиев, писари ӯ тасдиқ кард.

оло ҷасадро бо мошинииЁрии таъҷилӣ” ба хона меоранд", - гуфт Дилписанд. Маросими видоъ ва дафни шоир шоми панҷшанбе дар оромгоҳи Лучоб баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи 12 август табибон Гулназар Келдиро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст карданд. Қаблан, шоир бо гумони гирифтор шудан ба вируси корона ба беморхона интиқол ёфт..

Моҳи сентябри соли 1945 дар деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна факултаи забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом расонда, корро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз мекунад ва сипас дар маҷаллаи “Садои Шарқ” идома медиҳад.

Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат" ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" дар соли 1969 чоп шудааст. Ҳамин тавр дар нашриёти мухталифи Тоҷикистон китобҳои шеъри ӯ паиҳам бо номҳои "Дастархон”, "Нардбон", "Ағба", "Паҳно", "Лангар", "Пайи дарё", "Чашми нигин", "Табхола" ва ғайра ба нашр мерасанд.

Китоби шеърҳои ӯ бо русӣ дар Русия ва хати форсӣ дар Эрон низ мунташир шудааст. Муаллифи чанд асари саҳнавӣ буда, шеърҳои шоирони русро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Аз соли 1973 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта мешавад. Барандаи ҷоизаи Ҷавонон ё комсомол ва мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакист. Гулназар Келдӣ муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон аст.

Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси Намояндагон ва солҳои охир муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД