arzon replenishment
ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ ДУХТАРЧАИ 8- СОЛА ДАР Ш. ДУШАНБЕ
12780


Руфейдаи 8 –соларо аввал таҷовуз карданд, баъд куштанд ва ҷисми хурдакакашро пора-пора карда, ба халтаҳо андохтанд. Дар ин бора Саида Иноятова, аммаи Руфейда дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Санаи 4 -уми июли соли ҷорӣ баъд аз нисфирӯзӣ Руфейда бо мақсади ба ҳоҷатхона рафтан аз хона баромада бо ҳамин дигар барнагашт. Пайвандонаш аз ҳамагон барои пайдо кардани ин духтарчаи маъсум кӯмак хоста буданд. Падару модари духтарчаи ноком умедвор буданд, ки фарзандашонро зиндаву саломат меёбанд, аммо умеду орзуҳояшон барбод рафт. Нимаи дуюми рӯзи 5-уми июн ҷисми беҷони духтарчаро пайдо карданд. Дар ин бора аммаи марҳум Саида Иноятова хабар додааст.

Бо шунидани тафсилоти куштори ин духтарчаи бегуноҳ ба тани кас мурғак медамад. Саида Иноятова чӣ тавр кушта шудани Руфейдаро аз забони худи духтараки шаҳидшуда тасвир намудааст. Чӣ тавр ӯ орзуи якҷоя қайд кардани зодрӯзи худу хоҳарашро карда буд, чӣ тавр мисли модараш шир додани тифлакашро дар лухтакҳои худ таҷриба мекард. Ӯ бо духтари ҳамсоя гоҳҳо дар хонаи онҳо ва гоҳи дигар дар хонаи Руфейдаино бозӣ мекарданд.
“Баъзан ман ба хонаи дугонаҳоям, ки дар рӯ ба рӯи мо зиндагӣ мекарданд, мерафтам, онҳо низ ба хонаи мо меомаданд. Мо духтаракон якҷоя бозӣ карданро хеле дӯст медорем, аз ин рӯ боварӣ дорем, ки падаронамон бо ҳам мисли бародаранд, охир онҳо ҳам мисли мо якҷоя ба воя расидаанд...” ... навиштааст Саида аз забони Руфейда.

Аммаи ҷигархун чӣ тавр ба чанги “амаки Раҳматулло”, ки барояш мисли падар азиз буд, афтодани ин духтарчаи маъсумро ба қалам дода, менависад:
“Амаки Раҳамтулло, падари дугонаам, вақте дид, ки ман аз ҳоҷатхона баргаштам, дасти маро гирифта, ба наздаш бурд ва дарро баст ...
Вақте маро модарам меҷӯст, вай даҳони маро баста буд ва намедонам барои чӣ маро мезаду либосҳоямро дар танам пора-пора мекард. Ман илтиҷо мекардам, ки амаки Раҳматулло, илтимос, маро ҷавоб диҳед, ки дарди сахт кашида истодаам. Қасам мехӯрам, ки ба касе чизе намегӯям. Ман мехоҳам ба назди модарам равам, охир вай бояд маро оббозӣ дарорад...”, аммо ӯ маро шунидан намехост...
Дигар чи шуд, намедонам, аз ҳуш рафтаам...
Вақте ки бедор шудам, ҳаракат карда наметавонистам. Дар рӯйи сафеди барфмонандам доғҳои кабуд пайдо шуда буданд. Нафаҳмидам, ки чаро амаки Раҳматулло ин корро ба ман раво дид. Чашмони кабуди калон-калони ман, ки ҳама бо ҳавас нигоҳ мекарданд, аз тарсу дард калонтар шуда буданд.
Мехостам мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ба донишгоҳ дохил шавам ва духтари босавод гардам. Мехостам бо дастони худам пул кор карда яхмосу ширинӣ харам, вале амаки Раҳматулло тамоми орзуҳоямро решакан кард. Аниқтараш ғарқи хунам намуд ва ҷисми кӯчакамро пора-пора намуд.
Илтиҷо мекардам, ки амаки Раҳматулло, бадани зебои маро ба волидонам баргардонед, вале вай сари маро аз танам ҷудо карда, ба халта андохту дасту пойҳоямро пора-пора карда дар халтаҳои дигар ҷой кард ва либосғои ғарқи хунамро бо корде, ки бо он маро пора-пора карда буд, оташ зада сӯзонд....”

Ҳамин тавр Саида Иноятова тафсилоти ҳодисаи мудҳиши чи тавр аз ҷониби марди ҳамсоя мавриди таҷовуз қарор гирифтан ва баъдан кушта шудани ин духтарчаи маъсумро қисса мекунад. Бо хондани ин сатрҳои пурдард дили кас пора-пора мешавад.

Дар охир Саида аз забони ин тифлаки маъсум овардааст, ки дар ин кор падару модарамро гунаҳкор накунед ва ман ҳам гунаҳгор нестам. Ман ҳамон Руфейдаи бегуноҳе ҳастам, орзуҳоям амалӣ нашуданд. Ман Руфейдае ҳастам, ки дигар ҳеҷ гоҳ дар ҷашни зодрӯзам шамъи болои тортро пуф намекунам. Шамъи ман аллакай хомӯш шудааст ...

Р/С
Тоҷикистон давлати демократию дунёвист, вале ҷазои чунин мардони бераҳм, беномус, бевиҷдон ва золиме, ки ба кӯдакони хурдсол чашми шаҳват дӯхта, онҳоро мавриди озори ҷисмӣ қарор медиҳанд, таҷовуз мекунанд ва мисли қассобе, ки барраи қурбониро пора-пора мекунад, бадани нозуки сайди худро пора-пора намуда, сарашро аз танаш ҷудо менамояд, танҳо ва танҳо марг аст. Ҷазои ин тоифа танҳо марги ваҳшатбор ва пуразоб аст, то дарди он тифлакони бегуноҳеро, ки озор доданд, бераҳмона таҷовуз карданд ва куштанд, эҳсос намоянд. Сад соли зиндон ҳам наметавонад гуноҳи чунин гургони одамсуратро бишӯяд, чунки бо ҳабс шудани қотилон Руфейдаҳо дубора зинда намешаванд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД