Шумораи муҳоҷироне, ки ба таври маҷбурӣ аз сарзамини Русия берун карда шудаанд, дар соли 2024 ҳудуди 37% афзудааст.
Қисми зиёди муҳоҷироне, ки ба таври иҷборӣ аз қаламрави Русия берун карда шудаанд, аз кишварҳои Осиёи Миёна, аниқтараш шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мебошанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба Хадамоти федералии судиҷрочиёни шаҳри Москва хабар додаанд.
"Дар соли 2024 аз ҷониби иҷрочиёни суд дар шаҳри Москва беш аз 16 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки будубошашон дар қаламрави Русия қобили қабул набуд, аз сарҳади кишвар берун карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37% бештар аст”,- навиштаанд расонаҳои русӣ дар такя ба маълумоти хадамоти мазкур.
Таъкид шудааст, ки қисми зиёди муҳоҷирони аз қаламрави Федератсияи Русия берункардашуда шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон будаанд. Дар ин миён танҳо 3 нафар шаҳрвандони мамолики Аврупо аз қаламрави Русия берун карда шудаанд, ки аз Фаронса, Латвия ва Эстония мебошанд. Онҳо ҳуқуқ надоранд, ки дар муддати 5 сол дубора қадам ба сарзамини Русия гузоранд.