Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон 36 ҳазору 611 оила соҳиби китоби “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ мегарданд.
Бино ба иттилои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақдими ин китоби гаронбаҳо дар доираи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ба ҳар як хонавода “Шоҳнома” дастрас карда мешавад.
«Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи таъриху адабиёти тоҷик дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад. Масъулин иброз доштаанд, ки рӯзҳои наздик ҳамаи 36 ҳазору 611 хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин туҳфаи пурқимати Пешвои миллатро дастрас менамоянд.