arzon replenishment
Табобати халқии дасту пойи шикаста
24.09.2024
ОИЛА.ТҶ
643

Ман усто ҳастам ва ҳангоми таъмири хона тасодуфан аз рӯйи харак афтодам. Духтурҳо гуфтанд, ки як поям аз ду ҷояш шикастааст ва гаҷбандӣ карданд. Акнун бояд 40 рӯз хоб равам. Табиатан одами серҳаракат ҳастам ва тоқати муддати тӯлонӣ рӯйи ҷогаҳ хобидан надорам. Ягон давои халқие ҳаст, ки ҷараёни шифоёбиро каме тезонад?

УМАРАЛӢ, аз н. Рӯдакӣ

Посух:

- Ба хотири кумак ба хонандаамон мо ба табиби машҳури халқӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ муроҷиат намудем. Ин табиби ҳозиқ гуфт:

- Барои он ки устухони шикаста зудтар пайваст шавад, пеш аз ҳама устухонро бо калтсиюм таъмин намудан зарур аст. Ин моддаи муфид дар таркиби тухми мурғ фаровон аст.

Пучоқи тухм - манбаи калсий

Аввалан пӯчоқи тухми мурғро дар уғурак нағзакак кӯфта, ҳар рӯз ба миқдори як қошуқчаи чойхӯрӣ бо об хӯрдан лозим аст.

Давои шикастагӣ аз тухм ва лимӯ

Тухми хонагиро дар зарфи шишагӣ андохта аз болояш оби як ё ду лимӯро ҷабед. Шираи лимӯ бояд тухмро пӯшонад. Шишаро дар ҷойи торик 15 рӯз нигоҳ дошта, баъдан ба он ду қошуқ асал илова намоед ва рӯзе чор маротиба ба миқдори як қошуқи чойхӯрӣ аз ин даво нӯши ҷон намоед.

Аз картошка истифода баред

Пас аз кушодани гипс картошкаи хомро аз турбтарошак гузаронида, ба он як қошуқча шакарро илова намоед ва ба поятон бандед, озори зарбхӯрдагӣ ва дардаш ба зудӣ нест мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД