Дар пушти духтарчаи 12 солаам пучак баромада буд. Қариб ду ҳафта азоб кашида, базӯр аз он халос шуд, вале ҳанӯз даҳ рӯз нагузашта боз пучак баровардааст. Аз сӯзиши дард на шаб хоб дораду на рӯз ором. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи гуна ба фарзандам ёрӣ расонам?
Гулчеҳра аз ш. Кӯлоб
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Ман ба шумо чанд давои гиёҳиро тавсия медиҳам, ки ба зудтар пухтану кафидани пучак ва хориҷ шудани чирку зардобаш ёрӣ мерасонанд.
Зарришқа аҷали пучак
Дар байни давоҳои халқӣ зарришқа дар табобати пучак таъсири аз ҳама бештар дорад. Алафи зарришқаро тоза шӯед ва дар ҳован (уғурак) кӯфта, малҳамашро ба рӯйи пучак бандед, яъне компресс кунед. Зарришқа таъсири мӯъҷизавӣ дошта, ба кафидани пучак ва пурра баромадани чирку зардоби захм ёрӣ мерасонад.
Барги зуф ва равғани зайтун
Имрӯзҳо дар лаби ҷӯю дашту даман барги зуф фаровон аст. Чанд дона барги зуфро чида нағзакак бишӯед ва онҳоро дар офтоб хушк намоед, баъдан кафмол карда, ба шакли хока дароред. Хокаи барги зуфро бо равғани зайтун омехта карда, дар як рӯз 2-3 маротиба ба рӯйи захм бандед, сӯзиши пучакро камтар карда, ба бемор оромиш мебахшад.