Маблағи ҷарима барои ба таври ғайриқонунӣ анҷом додани амалиёти исқоти ҳамл, расидани зарар ба саломатии инсон ва марги бемор бо айби табиб дар Тоҷикистон зиёд шуд.
Болоравии маблағи ҷарима ба афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз 1-январи соли 2024 аз 68 сомонӣ ба 72 сомонӣ мерасад.
Маблағи ҷарима барои исқоти ҳамл аз 13,6 то 34 ҳазор сомониро ташкил медод, вале шурӯъ аз 1-январи соли 2024 агар шахси дорои маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор, ба таври ғайриқонунӣ амалиёти исқоти ҳамлро анҷом диҳад, аз 14, 4 то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешавад.
Исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир гашта бошад, аз 36 то 50,4 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешавад.
Мувофиқи қонун барои чунин амал ҳамчунин чораҳои ҳуқуқии маҳрум намудан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ва маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол пешбинӣ шудааст.
Дар ин радиф ҳамчунин маблағи ҷарима барои иҷро накардани вазифаҳои касбии худ аз ҷониби корманди соҳаи тиб, муносибати бепарвоёна ё беинсофонаи духтур, ки боиси расидани зарар ба саломатии бемор мегардад, афзудааст. Аз 1-январи соли 2024 агар табиб ба чунин иттиҳом гунаҳкор дониста шавад, аз 36 то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешавад. Ин дар ҳолест, ки айни замон ин нишондиҳанда ду ҳазор сомонӣ камтар мебошад.
Дар сурати бо айби корманди тиб ба марг расидани бемор тибқи қонун табибро аз панҷ то ҳашт сол равонаи зиндон карда метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ суди олии Тоҷикистон бо ҳамин ҷурм Расул Ҳоҷиев, табиби беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и пойтахтро барои марги Севинч Шукуроваи 17-сола ба мӯҳлати шаш сол зиндон кард.
Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ тайи шаш моҳи соли равон мақомот зидди 41 пизишк парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Дар ин бора Спутник хабар додааст.