Табибони тоҷик дар Русия қадрдонӣ гардиданд
14.11.2025
Oila.tj
118

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор табибони тоҷик, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия кору фаъолият менамоянд, бо Сипоснома қадрдонӣ гаштаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин қадрдонӣ барои табибоне, ки дар баланд бардоштани обрӯи тиби тоҷик дар кишвари Федератсияи Русия, таъмини ҳифзи саломатии муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат ва ҳамзамон дар таҳкими равобити дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Русия саҳми хешро гузоштаанд, амалӣ гардидааст.

Маросими тақдими сипосномаҳо аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар манотиқи гуногуни ин кишвар доир гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД