Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби дастовардҳои табибони тоҷик дар дохил ва хориҷи мамлакат, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо ва рушди тиб дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026”-ро эълон намуд.
Маросими рӯнамоии озмун имрӯз дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашта, дар он муовинони вазири тандурустӣ, сардорони раёсатҳо, шарикони рушд ва кормандони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки солҳои охир табибони тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гашта, бо ҷорӣ намудани усулҳои наву замонавии табобат ва гузаронидани ҷарроҳиҳои нодир дар пешрафти соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки бо баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” табибони арзандаеро, ки ба касби худ содиқ буда, бо дониши амиқ ва маҳорати баландашон сазовори боварӣ ва эҳтироми мардум гаштаанд, қадрдонӣ ва кору фаъолияти онҳоро тарғиб намояд.
Орзу Раҳмоналиев, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ҳозиринро бо низомномаи озмун ошно намуда, гуфт:
- Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” аз имрӯз оғоз ёфта, пешбарии номзадии табибон ба озмун дар сомонаи Озмун (samt.tj) озод аст. Дар озмуни мазкур кормандони соҳаи тандурустӣ, ки маълумоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ кор мекунанд ва синну солашон аз 26-сола боло буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, иштирок карда метавонанд.
Ғолибон аз рӯйи 34 номинатсия - 29 номинатсия барои ихтисосҳои асосии терапевтӣ, клиникӣ, ҷарроҳӣ ва номинатсияҳои иловагии “Эпидемиологи сол», «Фармасевти сол”, «Корманди иҷтимоии сол” ва «Корманди солимии ҷамъиятии сол” бо дарназардошти шумораи умумии овозҳое, ки аз ҷониби худи мардум, аъзои ҳакамон ва баҳогузории мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба даст омадаанд, ба таври худкор, яъне автоматӣ муайян карда мешаванд.
Озмуни “Табиби сол-2026” дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтимолан, санаи 18-уми август, дар рӯзи Иди касбии табибон ба таври тантанавӣ ҷамъбаст карда шуда, ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Зимни маросими ҷамъбасти озмун дар бораи ҳар як ғолиби озмун ролики кӯтоҳи видеоӣ пахш мегардад, ки таҷассумгари дастовардҳои табиб мебошад.