Аз 8 то 11-уми феврали соли ҷорӣ дар Давлати Кувайт 16-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна баргузор гашт, ки дар он ҳашт нафар олимону профессорон ва ихтироъкорони тоҷик аз донишгоҳҳо ва макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин намоишоҳ табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе” ва ҳамзамон аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Шарифзода Суннатулло Аҳмад барои пешниҳоди лоиҳаи “Разработка и внедрение хирургичекского зажима для фиксации и поднятия матки и придатков» сазовори медали тило ва барои пешниҳоди усули нави табобат сазовори медили биринҷӣ гаштааст.
Пешниҳоди лоиҳаҳои табиби ҷавони тоҷик аз ҷониби иштирокчиён ва масъулини намоишгоҳи мазкур сазовори баҳои баланд гардида, номбурда ба чунин дастварди арзанда ноил шудааст.