Formula novemver 2024
“Сюрприз”-и фарзандон ва дӯстон
1445



Имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни фарҳангу ҳунари тоҷик, журналисти варзида ва овозхони машҳур Зиёвиддини Нурзод ҷашни милод дорад.

Ин ҷавонмарди боистеъдод бо садои ширин ва дардолудааш дар дили ҳазорон одамон маъво гирифтааст ва албатта мухлисони сершумораш мехоҳанд донанд, ки ин ҳунарманди шӯҳратёр зодрӯзашро бо кӣ ва чи гуна ҷашн мегирад. Бо нияти муборакбодии ҷашни зодрӯзаш ба хонаи дуюми Зиёвиддин-Радиои Тоҷикистон рафтем ва дар рӯзи молодаш низ ин фдоии касби хешро дар ҷойи кораш дарёфтем.

-Зиёвиддин, дар саҳифаи Фейсбук моҳу рӯзу соли таваллудатон 25-уми январи соли 1980 сабт шудааст. Дар ҳақиқат ин санаи воқеии зодрӯзатон аст?

-Рӯзу моҳи таваллудам дуруст аст, вале дар мавриди сол каме ғалат рафтааст. Ҳастанд одамоне, ки ба хотири худро ҷавонтар нишон додан ин корро мекунанд, масалан замони донишҷӯии мо духтаре буд, ки ҳар сол шиносномаашро иваз мекард. Вай аз мо се сол калон буд ва мехост ҷавон буданашро исбот намояд. Аммо ман ин корро қасдан ба хотири ҷавонтар нишон додани худ накардаам. Синну соли банда ҳам ба ҷое расидааст, ҳарчанд буруз намедиҳем, вале аз назари ман синну сол аҳамият надорад, агар чунин намебуд, як марди 25-30 сола ба зани 65-70 сола ошиқ намешуд ё баръакс. Ба гумони ман чизе, ки одамонро бо ҳам мепайвандад, меҳр асту муҳаббат.

-Пас зодрӯзатонро сидқан муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки ҳамеша чунин ҷавон, ошиқ ва комёбу муваффақ бошед.

-Ташаккур. Сипосгузорам, ки маро қадр карда ба табрикам омадед.

-Аввалин шахсе, ки Шуморо бо зодрӯзатон табрик кард,кӣ буд?

-Ман зодрӯзамро ҳар сол дҳар хел таҷлил мекунам, гоҳо бо ёру дӯстон, гоҳе дар тарабхонаҳо бисёр бо шукӯҳ, гоҳи дигар дар ҳалқаи аҳли оила, вале росташро гӯям, имсол милодамро қариб аз ёд бурдаам. Дишаб мисли ҳаршаба бо фарзандонам дар хона нишаста будем ва ҳеҷ омодагие барои ид надоштем. Соат тахминан 12 ё 12.01-и шаб буд, ки якбора барқ хомӯш шуд. Табъам гирифт, ки боз барқро хомӯш карданд ва агар то саҳар барқ нашавад, фарзандонам хунук мехӯранд, вале баногоҳ як рӯшноӣ пайдо шуд ва дидам, ки ду феерверк ҷониби ман омада истодааст.

Аввал дар ғазаб шуда хостам ба сарашон дод занам, ки чаро ба чойи шамъ фурӯзон кардан ин корро кардаанд, зеро беҳад баланд буд ва ҳарос доштам, ки хона оташ мегирад,

вале вақте фарзандонам як қандидани калон дар даст “Зодрӯз муборак дадаҷон!” гӯён, бо лабханд маро муборакбод гуфта, бӯсаборон карданд, он қадар хурсанд шудам, он қадар хурсанд шудам, ки ногуфтанӣ...


-Яъне, фарзандонатон ба шумо “сюрприз” карданд?

-Бале ва ин яке аз беҳтарин “сюрприз”-ҳо дар ҳаёти ман буд.

-Чанд фарзанд доред ва бачаҳоятон чандсолаанд?

-Писари калониам Меҳробиддин 21-сол дорад ва дар курси 4-уми Донишгоҳи тиббӣ буҷҷавӣ мехонад. Духтарам Шаҳноз дар донишкади дизайнери мехонад ва ӯ ҳам аз ҳисоби давлат таҳсил мекунд. Фарзанди сеюмам Гулноз дар синфи 11 мехонад ва ҳоло дарси иловагӣ мегирад, писари хурдӣ Муҳаммадҷон синфи 7 аст.

-Беҳтарин тӯҳфае, ки дар ҷашни зодрӯзатон гирифтаед?

-Мухлисони ман хеле самимӣ ҳастанд ва боиси ифтихор аст, ки маро ҳамчун як узви оилаи худашон-бародаронаю хоҳарона дӯст медоранд, масалан шумо боре дидаед, ки як зани солхӯрда аз сари ихлос ба ҳунарманди дӯстдоштааш дар рӯзи барномаи консертиаш нон орад. Боварӣ дорам, ки надидаед! Аммо дар консертӣ банда ин ҳолат буд. Як мухлисам дар барномаи консертиам ба ман ду дона нони гарми танӯрии бо дасти худаш пухтаашро овард, ки аз он нонҳо бӯйи деҳа, бӯйи модар, бӯйи муҳаббати модарона меомад. Ин болотар аз ихлос, болотар аз эҳтиром, ин як далели муҳабати ниҳоят самимӣ аст, ки шахс танҳо бо одами наздиктаринаш раво мебинад.

-Ва он ду дона нон барои шумо беҳтарин тӯҳфа буд?

-Ин фақат як мисол аз муҳаббати самимии мухлисонам буд, вагарна тӯҳфаҳои гирифтаам чунон зиёданд, ки барои ҳамаи онҳоро номбар карданд чанд саҳифа лозим мешавад. Туҳфаҳои қиматбаҳо низ хеле зиёд буданд, вале беҳтарин тӯҳфае, ки имсол дар зодрӯзам гирифтам, ин табрикоти яке аз мухлисони самимиам Нусратулло Бобоев ва бародарам Ризо Нуров дар фейсбук буд, ки маро ба гиря оварданд.

Нусратулло навиштааст: 

Агарчи дар ҳама дунё бас ошно дорам,

Дар ин миёна, хушам, ки яке туро дорам.

Ту он ягонарафиқӣ, ки орзу бикунанд,

Худо расонд туро, меҳрубон Худо дорам.

Дар ин ғарибсаро, то туӣ, ғариб наям,

Ту то ба хонаи дил ҷо диҳӣ, саро дорам.

Худо ҳамеша ҳавои туро ба сар гирад,

Ки ман ҳамеша ба ҳар ҳарфи ту ҳаводорам.

Ба гоҳи хастагии ҷон суруди ту доруст,

Мабод хаста садоят, к-аз он даво дорам.

Рафиқи хуби маниву рафиқи хуби туям,

Ҳамон қадар ки Тило дорӣ, ман Зиё дорам.

Додарам Ризо бошад, маро беҳтарин бародари дунё хонда, барои бепарвоиҳош бахшиш пурсидааст. Маро бисёриҳо дар фейсбук бо ҷашни зодрӯзам муборакбод гуфтаанд ва аз ҳамаашон миннатдорам, вале вақте сатрҳои ин ду нафарро хондам, оби чашмонам беихтиёр ҷорӣ шуданд ва ба Нусратулло навиштам, ки дар 47 соли умрам бори аввал дар зодрӯзам зери таъсири суханони шумо гиристам. Дар ҷавоб навиштанд, ки магар фақат шумо дар консертҳоятон одамонро гирёнда метавонед...

-Муносибататон бо ҳампешагонатон чи гуна аст? 

-Хеле хуб аст, масалан аз Садриддини Наҷмиддин сар карда, то Валиҷон Азизов қариб ҳамаи сарояндагон имрӯз маро бо ҷашни милодам муборакбод гуфтанд. Журналистон аз дигар шабакаҳо ба муборакбодиам омаданд.  

-Пас чаро хеле кам дуэт месароед?

-Баръакс бисёр месароям, вале бо ҳунармандоне, ки онҳоро хеле кам мешиносанд.

-Чаро бо ситораҳо нею бо ҳунармандони навроҳ дуэт месароед?

-Фикр мекунам мардум маро як андоза мешиносанд ва дӯст медоранд, аз ҳамин хотир мехоҳам ба ҷавонон кӯмак расонам, то ки бо ҳамин роҳ онҳо ҳам шинохта шаванд. Ҳадафам танҳо дастгирии ҷавонон аст.

-Муваффақ бошед! 

Р/С

Сӯҳбати мо бо Зиёвиддини Нурзод хеле тӯлонӣ ва аҷиб буд. Шакли пурраи онро шумо метавонед дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед. 

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД