arzon replenishment
Суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ мешавад?
370

Ба зарардидагон 3 миллион сомонӣ
маблағи суғуртавӣ пардохт карда шуд

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар соли 2023 ба шахсони ҳуқуқию воқеъии ба молу амвол ва саломатиашон зарар расида дар ҳаҷми 3 миллиону 97 ҳазору 800 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намудааст. Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ Шуҳрат Мақсудзода, директори КВД «Тоҷиксуғурта» иброз дошт.

Корхона ба буҷҷаи кишвар 8 миллиону 157 ҳазору 800 сомонӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли пешин 894 ҳазору 200 сомонӣ зиёд аст.
Тибқи маълумоти роҳбарони ин ниҳод, бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ 547 ҳазор шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонида шуда, аз ҳисоби ин шартномаҳо ба корхона зиёда за 39,4 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Директори КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода гуфт, маблағи воридшуда нисбат ба нақша 6,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда зиёда аз 19,5 ҳазорашон суғуртаи ҳатмӣ ва беш аз 528 ҳазору 70 шартнома суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани саломатӣ, ҳаёт ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар миқёси мамлакат 63 филиал ва 6 намояндагии корхона таъсис дода шудааст.

Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ доир ба ҳатмӣ гардонидани суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон, масъулини ин ниҳод гуфтанд:
“Аслан қонун дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2017 ба тавсиб расида буд, вале бо сабаби имконияти иқтисодии пардохти маблағи суғуртаро надоштани мактаббачагон, пиронсолон, маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолии мамлакат амали ин қонун мувақатан боздошта шудааст. Айни замон корбарӣ дар ин самт идома дорад ва бо ҳал шудани масъалаи пардохти маблағи суғурта, суғуртаи тиббӣ ҳатмӣ шуда, шаҳрвандон минбаъд метавонанд бо полиси суғуртавӣ табобат бигиранд.”

Айни замон дар Тоҷикистон суғуртаи тиббии ихтиёрӣ амал менамояд ва хоҳишмандон метавонанд аз ин навъи полиси суғуртавӣ истифода баранд. Дар баробари ин шаҳрвандон имкон доранд, ки мошин, хона ва дигар дороиҳои худро суғурта намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД