Севинч Мӯъминова, ҳунарпеша ва овозхони 38-солаи ӯзбек, сурудеро бо забони тоҷикӣ ба мухлисони тоҷикистонияш тақдим намуд.
Тарона “Ошиқам” унвон гирифта, овозхон онро бо маҳорати баланду лаҳни ширин сароидааст. Сурудро аз рӯзи нашраш то имрӯз дар саҳифаи “Sevinch Mo'minova” дар шабакаи YouTube зиёда аз 125 ҳазор нафар тамошо кардаву баҳои баланд додаанд.
Бо забони тоҷикӣ суруд сароидани Мӯъминова дар ҳолест, ки ӯ аз 16-ум то 18-уми майи имсол бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дошт ва дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Панҷакент барномаи консертии худро баргузор намуд. Бояд қайд кард, ки “Ошиқам” ягона суруди тоҷикӣ дар эҷодиёти овозхон нест.