Arzon march 2024
Суҳроб Зоиров: Аз сохтмончӣ то фуд-блогер
21.12.2024
ОИЛА.ТҶ
453

Фуд-блогинг аз зумраи шохаҳои сертамошобин ва сертаваҷҷуҳи блогинг аст. Албатта, шумораи фут-блогерон дар кишвари мо зиёд нест, вале онҳо хеле фаъоланд ва корашонро аз таҳти дил иҷро мекунанд.

Суҳроб Зоиров яке аз фуд-блогерони машҳур аст, ки тарзи пешниҳоди аҷиб дорад. Ӯ дар наворҳояш на танҳо пухтани як навъ хӯрокро, балки санъати наворбардорӣ, сухандониву суханпардозии тоҷикӣ, муҳити тоҷикона ва ғайраҳоро нишон медиҳад. Ҳоло зиёда аз 82 ҳазор нафар ӯро дар Инстаграм пайгирӣ мекунанд ва наворҳояшро садҳо ҳазор, ҳатто миллион маротиба ҳам тамошо мекунанд.

Дар доираи рубрикаи “То машҳур шудан” бо Суҳроб Зоиров суҳбат доштем. Пеш аз ҳама аз ӯ пурсидем, ки қабл аз фуд-блогер шудан ба чӣ кор машғул буд.

- Дар аввал ба кори сохтмон машғул будам. Баъди чанде ба соҳаи наворбардорӣ омадам ва хеле кор кардам. Чандин намоҳангҳои хуб ҳам таҳия кардам. Пас аз ин ҳама, ба фаъолияти блогерӣ ҷиддӣ машғул шудам. Тахминан 4 моҳ мешавад, ки ба ин кор машғулам ва ҳеҷ бовар надоштам, ки наворҳоямро ҳатто аз миллион маротиба низ зиёд тамошо мекунанд.

Дар идомаи суҳбат Суҳроб дар мавриди тарзи пешниҳоди наворҳояш, ки хеле аҷибанд, чунин гуфт:

- Наворҳоям сенарияи муайян доранд. Чун ман чандин намоҳангҳо таҳия кардаам, дар ин кор таҷриба дорам ва пурра корҳоямро худам анҷом медиҳам. Ҳам сенария, ҳам наворбардорӣ, ҳам интихоби макон ва умуман ҳама кор. Ин корҳо осон нестанд, зеро баъзан ман то ду рӯз барои як навор мусиқии мувофиқ мекобам. Аммо чун шавқу завқ ҳаст, ин корро анҷом медиҳам.

Бояд гуфт, ки фуд-блогерон барои таҳияи ҳар наворашон пул сарф мекунанд, зеро хӯрокҳои омодакардаашон бидуни маблағ намешавад. Дар ин бобат Суҳроб чунин мегӯяд:

- Дуруст аст, ки ҳар блогер, махсусан фуд-блогер барои таҳияи навор маблағи муайян харҷ мекунад. Дар ин қатор ман ҳам барои ҳар наворам тақрибан аз 1000 то 1500 сомонӣ сарф мекунам. Дар баробари ин, ҳоло аз саҳифаам фоидаи моддӣ намегирам. Барои реклама муроҷиат мекунанд, аммо қабул намекунам, зеро саросема нестам ва ҳар чизро реклама кардан намехоҳам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД