То ба ҳар чашме зи роҳат сурма бурд,
Чашми ман дорад ғуборе аз сабо.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Истифодаи сурма дар таърихи инсоният чандин асрҳоро дар бар мегирад. Дар замонҳои қадим сурмаро ашрофзодагон истифода мебурданд, ки баъдан он байни аҳолӣ роиҷ гардид.
Сурмаро дар Ҳиндустон, пеш аз он дар Мисри Қадим, Бобул, Эрони Бостон ва Арабистон васеъ истифода мекарданд.
Ҳама дар дунё чашмони сурмасоро ба бонувони соҳибҷамоли шарқӣ нисбат медиҳанд. Ҳар як кишвар тарбики сурмаи махсуси худро кашф кардааст.
Дар Рими Қадим ҳатто патрисияҳо, яъне шаҳрвандони асилзода ҳам ба чашмонашон сурма мекашиданд. Ин амал аз мисриён то ба онҳо омада расидааст. Дар Мисри Қадим аъзои оилаи фиръавнҳо ва ҳама дарбориён, аз ҷумла коҳинон ва нигаҳбонони дарбор чашмонашонро сурма мемолиданд.
Дар Миср истифодаи сурма хеле машҳур буда, аҳамияти табобатӣ ва ҳимоятӣ дошт. Сурмаро барои табобати чашм ва зиёд кардани биноиш ва ҳимояи гавҳараки чашм аз нури офтоб истифода мекарданд. Бар замми ин, сурма барои рушди миҷгону саломатии абрувон муфид аст.
Дар давлатҳои арабӣ сурмаро ба сифати малҳами зиддиконъюктивит ва блефарит тавсия медоданд. Занон сурмаро барои рушду нумуъи абруву мижгон ва зебогии чашмон истифода мебаранд. Арабҳо дар сурма равғани садбарг, ки хусусияти антисептикӣ дорад, илова мекунанд.
Дар сурмаи мардон, дар давлатҳои Халиҷи Форс равғани думба илова мекунанд. Ин чашмонро аз нури офтоб ва чангу реги биёбон нигоҳ медорад. Бодиянишинон ҳам сурмаро барои табобат истифода мекунанд. Инчунин, сурмаро барои тез кардани биноӣ васеъ истифода мекунанд.
Расули Акрам салаллоҳи алайҳи ва ссаллам гуфтаанд: «Беҳтарин намуди сурма сурмаи “Исмид” аст, ки он қувваи биноишро тез карда, мижгонро рушд медиҳад» (ҳадис аз Насаӣ, 5113).
Дар ҳоли ҳозир, беҳтарин сурма – сурмаи ҳиндӣ, ё арабӣ ба шумор меравад.
Намудҳои сурма
Сурмаи хокӣ
Ин сурма барои таҳрик додани рушди миҷгону абру тавсия мешавад. Дар орову торо додан ҳам истифода мегардад. Бо қаламча онро ба чашмон мекашанд.
Сурма барои кӯдакон
Ин намуди сурма хеле соф ос шудааст, яъне орд карда шудааст, ки таркиботаш ба гард монанд аст. Ин сурмаро ба кӯдакони то дусола дар Ҳиндустону Арабистон истифода мебаранд. Онро барои табобати чашмон ва пешгирӣ аз уфуннат, ғафс шудани миҷгону абрувон мемоланд. Сурмаро ба кӯдакон ҳатто барои пешгирӣ аз чашм истифода мекунанд.
Сурмаи хокаранг (табобатӣ)
Ин сурма ранги хокистарии тунук дорад. Дар натиҷаи махлуткунии усма ба даст меоранд. Растании усма аз ҷавҳароти органикӣ: минералҳо, алкалоидҳо ва фитостерин ғанӣ мебошад. Онро барои мустаҳкам кардан ва ранги баланд додани миҷгону мӯйҳо ва мустаҳкамии он истифода мекунанд.
Таркиботи сурма қабати луобии чашмро табобат карда, ба сабзидани миҷгон сабаб мешавад. Ҳаноми якум маротиба истифода кардан, чашмро каме сӯзиш медиҳад.