Суратҳои бисёр дорам. Мегӯянд, ки касе сурати бисёр дошта бошад, баъди маргаш ба дӯзах афтида, дар он дунё азоб мекашад. Ростӣ, сахт метарсам, ки аз рӯйи ин аксҳо ба лаънати Худованд гирифтор нашавам. Барои ҳамин ба шумо муроҷиат намудам, то фаҳмам, ки сурат гирифтан дар ҳақиқат гуноҳ аст ё не?
Рафоат, аз ш. Роғун.
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Сурат гирифтан беузр гуноҳ аст, вале дар зарурат, масалан, барои шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бесурат намешаванд, акс гирифтан ягон зиён надорад.