Formula novemver 2024
Суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи шарикии боз доштани бемории сил
27.09.2024
ОИЛА.ТҶ
530

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи шарикии боз доштани бемории сил (Stop TB Partnership), ки дар доираи вохӯрии сатҳи баланд оид ба барномаи зидди бемории сил баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, гуфта шудааст, ки муқовимати микробҳо ба антибиотикҳо таҳдиди ҷиддӣ ва афзоянда ба соҳаи тандурустии ҷаҳон буда, қобилияти моро дар табобати сироятҳои маъмулӣ ва бемориҳои ба осонӣ табобатшаванда дар шароити ғайримуқаррарӣ халалдор мекунад.

Зимни суханронии хеш Ҷамолиддин Абдуллозода иброз доштааст, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025» амалӣ мешавад. Ин кор тавассути таъмини дастрасии ҳамагон ба ташхис ва табобати саривақтии босифати шаклҳои бемории сил ва пешгирии рушди минбаъдаи муқовимат ба маводи мухаддир ба даст оварда мешавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Нақшаи миллии амалро оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ барои солҳои 2018-2022 тасдиқ кард. Санади мазкур таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

“Татбиқи самараноки барномаҳои миллии мубориза бо сил дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир имкон дод, ки сатҳи гирифторшавӣ ба ин беморӣ 39 фоиз ва фавт 80 фоиз кам карда шавад. Фарогирии табобат барои шаклҳои ба дору тобовари сил 70% ва самаранокии он 75% мебошад”,-иброз доштааст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Инчунин, номбурда қайд кардааст, ки моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон Нақшаи дуюми тасдиқшудаи миллии амал оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ барои солҳои 2023-2025 ҷорӣ гардида, он ҷалби васеътари мақомоти давлатиро дар бар мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД