Arzon march 2024
Суди Санкт-Петербург ҳукми ронандаи бо автобус ба дарё афтидаро эълон кард
247

 

Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи 44-солаи тоҷик, ки моҳи майи соли равон бо автобус ба дарёи “Мойка” сарозер афтида буд, бо ҳукми суди шаҳри Санкт – Петербург равонаи зиндон гашт. 

Суд Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад, дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги 7 нафар гаштааст, гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати 6 сол равонаи зиндон намуд.

Ёдрас мешавем, ки дар автобуси ин ронандаи тоҷик 20 нафар мусофирон ҳузур доштанд ва 7 нафари онҳо бар асари ин ҳодисаи нохуш ҷони худро аз даст дода, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Худи Қурбонов дар мурофиаи судӣ ин ҳодисаро як тасодуфи ногувор номида, сабаби сар заданашро ба хастагии бардавом ва якбора аз кор баромадани тормози мошин рабт дода буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД