Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз уҳдаи автомашина набаромада, онро дар канори рости роҳ чаппа мекунад, ки дар натиҷа ноболиғони дохили автомашинбуда ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ мебардорад.
Рустам Эгамбердиеви 31 сола, сокини ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Чанок-Хуҷанд-Душанбе», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, Зулфия Абдуқаюмоваи 4 сола бар асари ин ҳодиси ҷароҳати гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳамчунин дигар ноболиғоен, ки дар дохили мошин буданд, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона бистарӣ карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишон идома дорад.