arzon replenishment
Суд муҳлати ҳабси гумонбарони амали террористии Крокусро дароз кард
618

Суди Маскав рӯзи 19-уми август муҳлати ҳабси зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Назримад, Ҷумахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзодаро, ки дар ҳамдастӣ дар амали террористӣ дар Крокус Сити Холл гумонбар дониста мешаванд, боз дароз кард.

Ба иттилои маркази матбуоти Суди ноҳияи Басманий дархости мақомоти тафтишотӣ ҷиҳати дароз кардани муҳлати ҳабси гумонбарони амали террористӣ дар Крокус Сити Холл қонеъ гардонида шудааст ва зодагони Тоҷикистон Лутфулло Назримад, Ҷумахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода ба муҳлати 3 моҳи дигар, яъне то 22-юми ноябри соли 2024 дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд. Суд пушти дарҳои пӯшида гузашта, тафсилоташ маълум нест.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 16-уми август Суди ноҳияи Басманий муҳлати ҳабси 4 зодаи дигари Тоҷикистон - Муҳаммадсобир Файзов, Фаридуни Шамсиддин, Муродалӣ Раҷабализода ва Далерҷон Мирзоевро, ки гумонбарони асосии амали террористӣ дар Крокус Сити Хол ба шумор мераванд, то 22-юми ноябри соли 2024 дароз карда буд.

Амали террористӣ дар Крокус Сити Холл рӯзи 22-юми марти соли равон сар зад ва як гурӯҳ одамони мусаллаҳ ба толори консертӣ зада даромада, одамони бегуноҳро, ки ба тамошои консерт омада буданд, ҳадафи тирборон қарор доданд. Бар асари ин ҳодисаи ваҳшатнок 145 нафар ҷони худро аз даст дода, 550 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар робита бо ин амали террористӣ аз ҷониби мақомоти қудратии Россия 12 нафар боздошт шудаанд, ки 11 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Масъулияти амали террористиро аъзои гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон” бар дӯш гирифтаанд, ки як шохаи ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуъи террористии “Давлати исломӣ” мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД