arzon replenishment
Суғд: Фарбеҳӣ афзудааст, иллат чист?
1075

 

Шумораи умумаии бемориҳои ғайриирсӣ, махсусан фарбеҳӣ дар вилояти Суғд 8770 мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли равон 1437 ҳолати нави фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 560 ҳолатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳд.

Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 414 ҳолат афзудааст.

Дар ин бора Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд хабар додааст. Ба гуфти масъулини тандурустии вилоят гирифторӣ ба фарбеҳӣ қариб, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят тамоюли болоравӣ дорад.

 Баъди бемории қанд сахт фарбеҳ шудам

 

Нигина Каримова, (номи музтаор) беш аз 130 килло вазн дораду қадаш 1м 68 см аст. Ӯ сокини ноҳияи Деваштич буда, бо сабаби вазни зиёди бадан озодона роҳ гашта наметавонад. Тавре ӯ мегӯяд беш аз даҳ сол аст, ки вазнаш ба маротиб зиёд мешавад.

Нигина дар суҳбат ба хабанигори сомонаи “Оила ТҶ” гуфтааст, ки пештар вазнам 70-75 кг буд. Аммо баъди фарзандонам калон шудан ва сиёҳбахтии духтарам дардҳоям зиёд шудан гирифту қобилияти корим камтар шуд.

“Дар мардуми мо одаме ки аз дарду зиқӣ фарбеҳ мешавад “устухонаш ғампарвар” мегӯянд. Вақте шавҳарам аз муҳоҷират баргашт, маро барои муоина ба шаҳри Хуҷанд бурд. Баъд аз таҳлили хун муайня шуд, ки ба бемории диабети қанд гирифтор шудаам. Бо тавсияи духтарон аз баҳри истеъмоли тамоми шириниҳо гузаштам”, гуфт ӯ.

“Писарам ба хотири азият накашаднам, ҳар куҷое мерафтам, ба мошин бурда меовард, шояд ин ҳам сабаби вазни зиёд гирифтанам шуда бошад. Чунки ҳаракатам хеле кам буда буд. Хешовандонам мегӯянд, ки бибикалони мо ҳамин хел зани фарбеҳ будаанд ва ман тарафи он кас рафтагӣ. Аммо духтарон аз ғизои носолим ва камҳаракатӣ гуфтанд. Вале намедонам давоми ин дард чи бошад. Ҳаркатамро ҳам зиёд кардам, парҳез ҳастам кам ғизо мехӯрам, аммо ҳамоно фарбеҳам...” илова кард Нигина ҳамсуҳбати мо.

  Барномаи пешгирӣ аз фарбеҳӣ ба манфиат ё...?

"Барномаи пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024" дар Тоҷикистон қабул шуда буд.

Пеш аз қабули барнома мушкилии фарбеҳӣ ва вазни барзиёди сокинон дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд ва собиқ вазири тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфта буд, ки мавзуи мазкур ба "таваҷҷуҳи амиқ" ниёз дорад.

Бино ба иттилои расонаҳо пажуҳиши Вазорати тандурустии Тоҷикистон собит кард, ки 17 дарсади аҳолии кишвар вазни барзиёд доранд ва 11,3 дарсади дигар аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Ба ҷуз ин, ошкор шуд, ки 5 дарсади кӯдакони синни мактабӣ низ вазни барзиёд доштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД