Sebiston new 2024 october
Суғд: Боз як зан худро бо 2 кӯдакаш ба дарё партофт!
1122

Суғд:

Боз як зан худро бо 2 кӯдакаш ба дарё партоф

 

Солҳои охир фарзандкушӣ ба доғи нангини ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Бадбахтона, иддае аз занони тоҷик дар назди бозиҳои бераҳмонаи тақдир оҷиз монда, роҳи ягонаи наҷотро аз зиндагии душвор ва тоқатфарсо дар худкушию фарзандкушӣ мебинанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҳодисаи даҳшатноки фарзандкушӣ дар Вилояти Суғд хабар додааст.

Шаби гузашта дар мавзеи Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд як ҷавонзани 27-сола худро ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсолаш ба Сирдарё партофтааст. Кӯдакони маъсум яке шашсола буда, дуюмӣ ҳамагӣ дуюним сол доштааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҷасади модарро бо ҷисми бе ҷони фарзанди калониаш сокинони маҳаллӣ аз об бароварда, ба мақомот супурдаанд, вале ҷӯстуҷӯи тифли дуюм ҳанӯз идома дорад.

Тафсилоти худкушии ин зан ҳамроҳи фарзандонаш ҳанӯз маълум нест, вале тахмин меравад, ки ҷавонзан баъди муноқишаи оилавӣ худро бо кӯдаконаш ба об партофтааст.

Палос дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар наздикии дарёи Сир ва Баҳри Тоҷик (обанбори Қайроққум) ҷойгир шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ин аввалин мавриди даст ба худкушию фарзандкушӣ задани занони тоҷик набуда, солҳои охир чунин ҳодисаҳо ба дарди бедавои ҷомеаи мо табдил ёфтаанд. Занони тоҷик бештар бо сабаби гирифтор шудан ба хушунату зӯроварӣ дар оила, заҳри забони хушдоману хоҳаршӯй ва дигар пайвандони шавҳар, дузанагию сезанагӣ, хиёнат, вайрон шудани оила, надоштани ҷойи зист ва бекорию мушкилоти иқтисодӣ даст ба худкушию фарзандкушӣ мезананд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД