Имрӯз Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот намуда, зимни ин вохӯрӣ куштори писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиевро дар шаҳри Одинтсовои вилояти Москваи Федератсияи Русия ҷинояти мудҳиш номид.
Юсуф Раҳмон ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, одилона ва шаффофи қазияи мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия ишора намуда, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ноболиғонро ҳамчун авлавияти умумӣ таъкид кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишварро дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ муҳокима намуданд.
Дар анҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идома додани муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи самтҳо иброз гардид.